​Партави ҳусн-илму ахлоқу адаб

Дар доираи ҳафтаи илми кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа дар факултети физика ва техника таҳти унвони“Партави ҳусн-илму ахлоқу адаб” чорабинии илмӣ- тарбиявӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабиниро мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа дотсент Ҳасанова Зебинисо ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки илму адаб чароғи равшанест, ки ба зиндагии инсоният нуру сафои зиёд мебахшад.

Таъкид гардид, ки касе, ки аз илму адаб баҳраманд бошад, қалби нуронию руҳи қавӣ дорад ва ба атрофиён ҳамеша бо нерӯи дониш таъсири мусбат мерасонад. Маҳз тавассути илму дониш инсоният рӯз то рӯз кашфиётҳои наву дастовардҳои зиёдро соҳиб гардида, мушкилоти ҳаётии худро бартарафмесозад.

Масъалаи маърифати ҷомеа, соҳаи илму маориф дар мадди назари ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамасола дар Паёми хеш Пешвои миллат ба ин соҳа таваҷҷӯҳи махсус дода, дастгирии онро доимию зарурӣ меҳисобанд.

Дар идома омӯзгори кафедра Собитов Равшан маърӯзаи намуда, дар мавриди ҷойгоҳи таълиму тарбия дар осори бузургони илму адаб ибрози назар намуд.

“Бузургонамон илму адабро бузургтарин нишонаи инсони комил, дурахшонтарин ва арзандатарин пояи зиндагӣ донистаанд. Илму адаб тоҷи бузургест, ки ҳама сазовору лоиқи он нест, лекин бо чидду ҷаҳд ва саъю талошҳои пайваста онро соҳиб шудан имконпазир аст. Шахси бомаърифату боадабро ҳамагон ҳамчун шахси оқилу фарзона, баландҳиммат ва намунаи ибрати дигарон мешиносанд” – зикр шуд зимни чорабинӣ.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ