Парҳез аз шабакаҳои иҷтимоии ифротӣ
Дар замони муосир баробари рушди илму техника ва фарогирии мардум ба барномаҳои телевизионӣ, инчунин, барномаҳои дигари интернетиву онлайнӣ ва мустақим низ фарох истифода мешаванд, ки якеро аз як ҷониб бо шавқ тамошо кунем, дигареро чашми дидан пайдо нахоҳем кард. Зеро дарки муваффақият ва хатар дар як фазо ҷорист, ки барои фарқ гузоштани он тафаккури интиқодӣ зарур аст, ки на ҳар як кас онро соҳиб аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш аз нақшу мақоми воситаҳои ахбори умум ёдовар гардида, чунин арз доштанд: “Воситаҳои ахбори умум минбари тавоно ва фарогири ҷомеа маҳсуб мегарданд, афкори ҷомеаро ташаккул медиҳанд, ҳар як суханашон бояд нишонрас ва оммафаҳм бошад”.
Воқеъан, дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии ҷомеа воситаҳои ахбори умум мақом ва ҷойгоҳи муҳим дошта, ин аҳмият ба таври рӯзафзун зиёд ва рисолати расонаҳои хабарӣ ва рӯзноманигорон дучанд мегардад.
Бахусус, дар замони муосир, ки як маром рӯ ба таҳаввулот аст, воситаҳои ахбори умум ҳамчун минбари тавоно дар тағйирдиҳии афкори мардум, ҳифзи манфиатҳои миллӣ метавонанд, нақши калидӣ дошта бошанд. Зеро ҳар сухану хабар ва маводу навори пахшкунанда санҷидашуда, асоснок ва боваркарданист.
Ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзан барномаҳои ифротиён ва ё аниқтараш таъсисдиҳандагони ҳизби мамнӯъ, ки ҳоло Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ унвон мебаранд, ташкил гардида, ба сӯи давлату ҷомеа санг мепартоянд, ки онҳоро бешубҳа метавон гурӯҳи хиёнаткорони Ватан ном бурд.
Аз ин лиҳоз, аз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва муҳоҷиру мусофир даъват ба амал меорем, ки аз тамошо ва ҳамроҳ шудан ба ин гуруҳҳои мамнӯъшуда махсусан, барномаҳои мустақими паймони миллӣ, саҳифаи “Ахборком”, барномаи “минбари муҳоҷир” дар шабакаи иҷтимоии фейсбук, ютуб ва амсоли инҳо худдорӣ намоянд ва ҳаёти худро зери хатар нагузоранд.
Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, устоди ДДХ