​Парчам - баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бахшида ба рӯзи Парчам таҳти унвони «Парчам - баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» чорабинии илмӣ – адабӣ доир шуд. Дар чорабинии мазкур номзади илми педагогӣ, ходими намоёни ҳизбию сиёсӣ Шарипов Абдулаким иштирок намуд.

Чорабинӣ бо хондани Суруди миллӣ ифтитоҳ ёфт. Декани факултет дотсент Рабиев Сатторбердӣ ҳозиринро ба муносибати рӯзи Парчам табрик намуда, паёми шодбошии роҳбарияти донишгоҳро ба самъи иштирокчиён расонид.

Дотсент Шарипов Абдулаким таҳти унвони “Парчам - рамзи шараф вабарангезандаи эҳсосиватандўстӣ” маърўзаи илмӣ ироа намуд. Номбурда доир ба таърих, аҳамият, нақш ва мақоми Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти илман асоснок пешниҳод намуд.

Ҳамчунин, маърӯзаи муаллими кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Пиров таҳти унвони “Парчам - ифодагари роҳи таърихии халқи тоҷик” шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ