Пайравони ТЭТ ҲНИ аз душаманони миллатанд
Дар солҳои охир тавассути шабакоҳои интернетӣ ҳаргуна фикру ақидаҳои гуногуни ифротии аъзёони ТЭТ ҲНИбаназар мерасад ва баъзе гумроҳшудагон ин ташкилотро то ҳол пуштибониву пайравӣ мекунананд, фикру андешаҳои он бадхоҳону миллатфурӯшонро байни мардум тафиқа меандозанд. Пайравон ТЭТ ҲНИ душмонони халқу миллат ҳастанд ва сулҳу оромиро намехоҳанд аз ин хотир ин хоинон нисбат халқу миллат ҳаргуна туҳмату гапҳои беасосро мезананду мебофанд.
Хеле хуб шуд, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро дар Ҷумҳурӣ қатъ намуданд ва аъзоёни онро хоин хонданд. Вале онҳо бори дигар мехоҳанд бо ҳамроҳии хоҷагонашон ва фикру ақидаҳои беасосу муғризонаи худ сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарнагун намуда, мақсадҳои нопоки худро амаль гардонанд.
Ҷомеаи башарии инсоният ва таърихи инсоният худ гувоҳи ҳама гуна зуҳурот ва ҷараёнҳои иҷтимоиву сиёсию фарҳангӣ ва идеологӣ, инчунин шикасти рехти ҷомеа мебошад. Аз ин хотир, ба охирҳои асри гузашта рӯ ба таърих меорем, ки дар ин давра дар Тоҷикистон хеле давраи бесарусомониҳо бо ташабусу кӯшишҳои аъзоён ва ташкилкунандагои ТЭТ ҲНИ ба миён омад. Онҳо бо ташаббуси хоҷагони худ аз вазъи ҳассосии сиёсати вақтро истифоданамуда, мардумро ба гирдиҳамоӣ роҳсипор намуданд ва ҳаргуна фикрҳои хоинонаву ифротиро паҳн намуданд ва дар охир ба гирдоби ҷанг кашиданд. Бо ин кори худ хиёнаткорони аъзои ТЭТ ҲНИВатанро ба бегонагон фурӯхтанд ба сари миллати тамаддунофари тоҷик нанг оварданд.
Халқу миллати тоҷик имрӯз он ҳодисаҳои хунрези солҳои 90-думи қарни гузаштаро хуб дарк намуданд, ки ҳамаи он бесарусомониҳо аз ҷониби аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар кишвар сарзад. Вале ин рафтори онҳо таъсири бади равонӣ ҷисмӣ ва ба руҳияи миллии мардум таъсири бад расонид, ки боиси бегонапарастӣ, бадбинӣ, яъсу ноумедӣ ва дар маҷмӯъ, хурофоту таассуби шадид гардид. Ин рафтори миллатфурӯшӣ ва беобрӯӣ барои ҳазор соли дигар ба миллату фарҳанги мо басанда аст, ки ҳазорон ҳазор нафарро ба хун оғӯшта, бехонаву дар, бесаробону бесоҳиб, ятиму бепарастор, маъюбу маъюс, дастнигару фақир, мусофиру муҳоҷир намуданд. Ҳамаи ин аз касофативу касифии аъзони ТЭТ ҲНИ дар вуқӯъ пайваст, маҳз сабагори асосии ин иллатҳо аъзоёни ин ташкилот буданд, ки ба ҷисми миллат корд зада захмӣ намуданд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин хиёнату ватанфурӯшии ТЭТ ҲНИ нигоҳ накарда ба хотири сулҳу ваҳдати миллӣ, ояндаи миллат соли 1997 онҳоро бахшиданд, то ки миллат саръамҷ гардаду хуни ҳазорон шаҳрванди соҳибмулк аз резиш бозмонад ва мардуми шарифи тоҷик озодона зиндагӣ намояд. Дар ин ҷо мавриди зикр аст, ки дар миқёси фазои пасошӯравӣ ТЭТ ҲНИ ягона ҳизби сиёсие буд, ки бономи ислом озодона дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекард. Вале инҳо ба қадри ин сулҳу суботи миллат нарасиданд ва дубора ватанро ба хоҷагони худ фурӯхтанро сар карданд.
Аъзоён ва гумроҳшудагони ТЭТ ҲНИ аз рӯзҳои нахуст ташкилёбиаш душманиву ватанфурӯширо сар карда буданд ва то кунун душмани халқу миллат, душмани ваҳдату амниият ва душмани фазои орому осудагии халқи тоҷик мебошад. Ин ташкилот саросар характери террористӣ ва ватанфурӯшии худро нишон дод.Мардуми шарифи Тоҷикистон фикру ақидаи ифротиву хиёнаткоронаиТЭТ ҲНИ ба хуби дарк намуд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки газанде аз онҳо ба Ватан расад.
Дар давоми соҳибистилолии кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат мо миллати худро аз нав эҳё кардем, Ватан сохтем, онро обод кардем ва давлати демократӣ, ҳуқубунёди созандаву сулҳовар бунёд намудем. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мо ҳамеша бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонем, ки ватани худро аз ҳаргуна таҳдидҳои беруна ҳифз намоем ва намегузорем, ки газанде бар ватани мо расад. Мо ҳамеша бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зидди чунин ҳизбу ҳаракатҳо, на танҳо ватани худро, балки бо ҳамроҳии ҷомеа ҳамгиро буда, мубориза мебарем.
Омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” Аюбов Ҳ. М., Аҳрорӣ Б. С.