Пайравӣ ба Шириншоҳ Шоҳтемур нишони ватандӯстӣ
Дар зарфи сӣ соли соҳибистиқлолии кишвар ВМКБ ҳамчуни вилояти худмухтор ва сокинонаш дар фазои сулҳу осоиштагӣ бо кӯмакҳои пайваставу ҳамаҷонибаи Ҳукмати мамлакт ва хосатан Роҳбари давлат дастгирӣ ёфта меоянд. Дар ин масир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду тараққиёти ин минтақа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, маркази вилоят шаҳри Хоруғро ба яке аз шаҳрҳои зебову диданӣ ва минтақаи рушди сайёҳӣ табдидл доданд.
Мардуми сарбаланди Бадахшон дорои фарҳанги бою ғанӣ ва анъанаҳои нек мебошанд. Аммо бархе аз нохалафон ва бадхоҳони миллати тоҷик ба монанди Мамадбоқир Мамадбоқиров фазои ороми ин минтақаро халадор намуда, аз худ шахсияту қаҳрамонтарошӣ мекунанд, ки боиси нигаронист. Амалҳои нангини ва ҷиноятҳои дастзадаи Мамадбоқир Мамадбоқиров - саркардаи гурӯҳи ҷинояткор, авбош, маҳалгаро, ки сардори маорифи ВМБК Лутфулло Наврӯзовро латукӯб кард, мардумро ба нифоқ андохта, бо ин амалҳояш ахиран навореро пахш намуд, ки гӯё ба ҷинояте даст назадааст. Ин нафар мехоҳад чароғи маърифатро дар ВМКБ хомӯш созад. Номбурда худро ҳокими мутлақи Хоруғ дониста, ба намояндаи ноҳияи дигар таҳдиду зӯрӣ мекунад, ки шаҳри Хоруғро тарк намояд. Мо қатъиян ин рафтори Мамадбоқир Мамадбоқировро маҳкум менамоем. Зеро тамоми минтақаи Тоҷикистон хонаи умеди ҳар як тоҷикистонист.
Аз навори пахш намудааш комилан худро “бегуноҳ” мебарорад,худро “қаҳрамон”, “пуштибони халқ”мепиндорад. Дар навори пахшгардида низ Мамадбоқиров дар мадди аввал манфиатҳои шахсиашро мегузорад ва бо суханони пучу дурӯғ,ҷиноятҳои содиркардаашро пӯшониданӣ мешавад.
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалу кирдорҳое, ки Мамадбоқир Мамадбоқиров даст дорад ҷиноят дониста мешаванд. Ҷинояткор бояд дар назди қолнун ҷавоб гӯяд, на пинҳон шуда аз паси парда гапзанад. Нафаре, ки даст ба ҷиноят наздааст пинҳон намешуд. Нисбати навори видеоӣ, ки 8-уми феврали соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардид мо бетараф буда наметавонем ва мехоҳем тухми низоъ ва ҷудоиандозӣ дар ВМКБ решакан карда шавад. Ин ҳамон вақт решакан мешавад, ки Мамадбоқиров Мамадбоқир саркардаи гурӯҳи ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Агар мо сулҳу салоҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмро пеша кунем давлати мо боз ҳам рушд хоҳад кард ва сатҳи зиндагиамон, беҳтар мегардад. Яъне осоиштагии мо ба ахлоқамон алоқамандӣ дорад. Ҷангу низоъ ягон вақт роҳи ҳалли мушкилот шуда наметавонад.
Мо бояд аз Мамадбоқир қаҳрамон насозем, пайравӣ накунем, зеро қаҳрамони асил Шириншоҳ Шоҳтемур аст. Пайравӣ ба Шириншоҳ Шоҳтемур нишон аз ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳии миллист!
Шамил Назарзода