Пайкори Пешвои миллат - дастгирии ҷомеа

Насли ҷавони имрӯза ва ояндаро месазад, ки аз ҳаёту фаъолияти пурсамари фарзандони фарзонаи миллат, минҷумла Қаҳрамонони Тоҷикистон бархурдор гардида, ба онҳо пайравӣ намоянд ва аз онҳо ибрат омӯзанд.

Ҷоизи қайд аст, ки бо ибтикори намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун дар бораи «Пешвои миллат»-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, санаи даҳуми декабри соли 2015 дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик боз як саҳифаи наве боз намуд.

Президенти мо шахсест нотакрор, қавиирода, дорои сифатҳои ҳамидаи инсонӣ, истеъдоди худододи давлатдорӣ ва сулҳҷӯяндагиву созанда. Маҳз вобаста ба кордонии ӯ тамоми зертобеъонаш ва сохторҳои низомиву қудратӣ ба таври муназзам кору фаъолият доранд. Боварии комил дорем, ки ин шахсиятибузург тасодуфан пешвои миллати тоҷик, кафили сулҳу субот ва оромии кишвар, тарҳрези ҳадафҳои бузурги стратегӣ ва роҳнамуни амалисозии онҳо нагардидааст. Президенти мо шахси созанда ва ислоҳотчӣ, сиёсатмадори оқилу хирадманд, роҳбари кордон, марди боҷуръат буда, ба ваъдаи бо шири сафеди модар ва ҷони миллионҳо нафар халқи тоҷик то нафаси охирин содиқ хоҳад монд.Аз ин лиҳоз, мардуми тоҷик ӯро дастгирӣ мекунад. Тамоми пешниҳодҳои ӯ ҳамеша бар манфиати миллату халқу Ватани кӯҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва мемонад. Мардуми тоҷик пас аз саргардониҳои зиёд 30 сол муқаддам дар атрофи Президенти худ муттаҳид гашт, нерӯи тоза пайдо кард ва раванди бунёди давлатдориро анҷом дода шароитро барои миллати шоиста, барои насли ояндаи худ фароҳам овард. Маълуми ҳамагон аст, ки сатҳи пасти фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар ҷомеа барои рушду нумӯи босуръат монеа эҷод менамояд. Бинобар ҳамин, Президент, мақомоти давлатӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ маҳз дар ростои фаъолсозии аҳолӣ, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии мардум ва тарбия кардани онҳо дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ кор мебаранд.

Бисёр мехоҳем, ки дар бораи Пешвои миллат ва нақши ӯ дар таҳкими истиқлол, пешрафти иқтисоди миллӣ, субот ва тандурустии ҷомеа, эҳёи миллӣ ва фарҳанги аҷдодӣ, тақвияти худогоҳиву худшиносии миллӣ, дар бораи зарурати таърихии ин пешвои муаззаму пазируфтаи халқ ва созандаву ободкор саҳми шахсии Президентамон сухан гӯям, агарчанде, ки номбар кардани ҳамаи корҳои ба сомонрасонидаи ӯ муддати тӯлониро талаб мекунад.

Дар симои ин шахси бузург, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахси ормонии худро дарёб намудем. Бо иқдоми хирадмандонаи ӯ, роҳнамоӣ, шуҷоату боварӣ, фидо кардани ҷону ҳастии худ барои Ватан, бунёди Кохи бебаҳои сулҳу дӯстӣ ва истиқлолияти пойдор, Пешвои пазируфтаи халқ, Эмомалӣ Раҳмон миллати азияткашидаи моро ба пирӯзиҳо, фатҳи қуллаҳои баланди орзу мебарад. Аз ҳамин сабаб, омӯзиши ҳаёту фаъолияти вусъатбори ин абармарди матиниродаимиллат барои насли ҷавон шоиставу воҷиб аст.

Дар тӯли 31 соли Истиқлолияти давлатӣ Президенти кишвар ҳамаи корҳоеро, ки аз ӯ вобаста буд, садоқатмандона иҷро намуд. Ӯ баъзан ҳатто бо истифода аз нуфузу эътибори байналмилалии худ корҳои бештареро низ ба сомон расонид, ки давлати ҷоноҷони мо ниёзмандии онро дошт. Ӯ ҳамеша ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти халқ, нарасидану набудани маводи ғизоӣ, артиш, молия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, марзбонон, муаллимону духтурон, мактабҳо, шифохонаҳо, майдончаҳои варзишӣ ва даҳҳои дигар истодагарӣ намуда, барои зиндагии орому осудаи мардум мекӯшад. Маҳз бо шарофати фаросат ва хиради Эмомалӣ Раҳмон бисёр муаммоҳои мураккаби вобаста ба танзими маслиҳатомези ихтилоф дар Тоҷикистон имконпазир гардид.

Ҳоло бисёр созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои тадқиқоти таҷрибаи Тоҷикистонро дар бобати ҳалли ихтилофот ва мавриди рушди марҳилаи пас аз ихтилофи ҷомеа меомӯзанд.Равандҳои мураккаби сиёсии давраи гузариш истеъдоди хос ва нерӯи фавқуллодаи инсониро талаб мекунанд. Маҳз бо туфайли шахсияти ӯ Тоҷикистон давлати соҳибэҳтиром, узви фаъоли ҷомеаи байналмиллалӣ, узви Созмони Миллали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, Созмони иқтисодии Авруосиё гардид. Имрӯзи Тоҷикистонро наметавон ҳатто бо соли 2005 муқоиса кард. Сохтмони манзилҳои бисёрошёна, рушди зерсохтори шаҳру ноҳияҳо, сохтмони роҳҳо ва нақбҳо, биноҳои истиқоматӣ, низоми алоқа, ҳавопаймоҳои наву муосир, меҳмонхонаҳои замонавӣ, омода кардани кадрҳо дар хориҷи кишвар ва таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар Тоҷикистон бо суръати баланд пеш рафта истодааст.

Мардуми тоҷик Президенти худро бо як қувваи шикастнопазир дастгирӣ мекунад, зеро ҷомеаи байналмиллалӣ кишвари моро чун кишвари сулҳхоҳ ва созанда эътироф намудааст. Аз рӯи натиҷаҳои бадастомадаи босуръати иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ ва фарҳанг тараққиёти назаррас ба чашм мерасанд. Мамлакати мо аз бунбасти коммуникатсионӣ ва геополитикӣ раҳоӣ ёфт. Ҷумҳурии мо аз нигоҳи гуногунандешӣ, озодии сухан ва матбуот аз тарафи коршиносони байналмиллалӣ дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил яке аз беҳтаринҳо ҳисобида шудааст. Аз ин хотир, бо сарварии Президенти мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон давлат баҳри амалӣ сохтани барномаҳои гуногун, ки барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа мусоидат мекунад, тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Президенти кишвар барои дастовардҳои худ дар таҳкими сулҳу созиш, барои дастгирии соҳаҳои гуногуни ҳаёт аз қабили варзиш ва тиб, барои саҳми шахсӣ дар ҳалли муҳимтарин муаммоҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон созовори якчанд ҷоизаҳои назаррас гардидааст. Ин аз он бозгӯӣ мекунад, ки сулҳу субот дар ҷомеа инкишофи устувори кишварҳои рушдёбанда бисёр аз мавқеъ ва фарҳанги “Пешвои миллат” сифатҳои сиёсӣ ва ахлоқии ӯ самимият ва кушодадилии вай дар баробари шаҳрвандони худ ва ҷаҳониён аз қотеъият ва мавқеи фаъоли ӯ дар ҳифзи сулҳу субот вобаста мебошад.

Сармуалллимаи кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ Ҳомидова Д.И.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ