​Пайдоиш ва эҳёи касбу ҳунарҳои миллӣ

Бо ҷалби донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси технологияи шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дарси кушод гузаронида шуд. Дарси кушод ба мавзӯи «Пайдоиш ва эҳё намудани касбу ҳунари миллӣ» бахшида шуда, бо иқдоми факултети санъати тасвирӣ ва технология роҳандозӣ гардид.

Гуфта мешавад, ки ташаббуси мазкур бахшида ба ҷамъбасти солҳои 2019 -2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” амалӣ шуда, аз фанни ҳунарҳои халқӣ аз тарафи дотсенти кафедра Юсупова Дилфуза ҷараён гирифт.

Дар доираи дарс ба донишҷӯён оид ба пайдоиш ва эҳёи касбу ҳунарҳои миллӣ маълумот дода шуда, анвои он шарҳ ёфт.

Ҳамзамон, дар доираи ин ташаббус донишҷӯён маҳсули дастони худро ба намоиш гузошта, муаррифӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ