​​Паёми созанда ва пешбурди мамлакат​

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар зарфи 30 соли истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба шарофати роҳбарӣ ва роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Зимни суханронӣ оиди масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм Сарвари давлат таъкид доштанд, ки он яке аз омилҳои асосии пешрафти мамлакат аст, ки чунки аз тарбияи насли наврасу ҷавонон ояндаи мамлакат вобастагии ногусастанӣ дорад. Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

Қайд гардид, ки ҷавонон бояд дониши мукаммалу муосир дошта соҳиби касбу ҳунар ва тавоноии зеҳнӣ бошанд. Дар ин росто бояд ба он кўшиш намоем, ки онҳо дар зери ғояҳои хилофат намонда, бо донишҳои илмӣ, дастовардҳои технологияҳои муосири илмиву академӣ бошанд. Аз он ҷумла таъкид гардид, ки дар давраи пандемияи Ковид-19 танҳо мамлакатҳои абарқудрат ва пешрафта тавонистанд, зидди ин вабои аср мубориза бурда ваксинаҳои заруриро коркард намуданд ва ба кишварҳои дигар кўмак расониданд. Яъне ин нишондиҳандаи он аст, ки дар ин мамлакатҳо илму таҳсилот рушд ёфта технологияҳои наву муосир ихтироъ мегардад. Ба мо низ зарур аст, ки ҷавононро дар ин самт омода намоем, барои ин дар кишварамон тамоми шароитҳо вуҷуд доранд. Мактабҳои олии мамлакат тамоми шароитҳоро дар таълиму тарбияи донишҷўён доранд ва кўшиш ба харҷ диҳанд, ки мутахассисони баландихтисосро омода намоянд, ки донандаи на кам аз 2 забонҳои хориҷӣ бошанд. Таъкид гардид, ки забонҳои англисӣ ва русӣ аз тарафи Ташкилоти мутаҳҳидаи миллатҳо дар шумори 6 забонҳои байналмиллалӣ эътироф гардидааст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ таълими ин забонҳо ба таври муосир ва дастрас ба роҳ монда шавад.

Дигар масъалае, ки дар Паем таъкид карда шуд, тарбияи ватандўстӣ, худшиносӣ, худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ ва шаҳрвандӣ буд. Вазъияте, ки дар кишвари ҳамсоя - Афғонистон ба вуқўъ омадааст, ҳамаи моро водор мекунад, ки ҷавононро дар руҳия ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ, меҳанпарастӣ, қадр кардани замину ватани аҷдодӣ ва ҳамеша ба ҳимояи он омода буданро тарбия намоем ва ба камол расонем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносиву худогоҳӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро дар ҷавонону насли наврас ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқу тарғиб намоем.

Ба баланд бардоштани сатҳи моддии омўзгорон, кормандони соҳаи маориф таваҷҷўҳи хосса дода Президенти мамлакат эълон намуданд, ки аз нимсолаи соли нав маоши кормандони ин соҳа 20 фоиз зиёд карда мешавад. Сарвари кишвар роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишварро вазифадор карданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.

Вобаста ба масъалаҳои муҳиме, ки Пешвои мамлакат дар Паёми худ назди намояндагони соҳаҳои мухталиф, аз он ҷумла илму маориф гузоштанд, ба мо кормандони ин соҳа зарур аст, ки дониш, таҷриба, неруи зеҳнии худро баҳри омода намудани мутахассисони баландихтисос, омўзгорони соҳибкасбу соҳибмаърифат, шахсиятҳои ватандўсту шуҷоъ, садоқатманду худшинос вахудогоҳ равона намоем.

Шаропов Ш.А.-доктори илмҳои педагогӣ, профессор, директори Институти илмӣ-тадқиқотии

илмҳои педагогӣ назди МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров».

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ