Паёми Пешвои миллат-раҳнамои рушди устувори давлат

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояхои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми чудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Имрӯз тамоми ҷабхахои ҳаётан мухими ҷомеа дар зери таъсуроти роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад. Паём ҳуҷҷати асосии Стратегии-тамоми ҷабҳаҳои ҷомеаро дарбар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дар пешистодаро равону бо пуррагӣ мурратаб сохта истодааст.

Воқеан солҳои охир ироаи Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, он инъикоскунандаи муваффақияти имрӯза ва дурнамои рушди ояндаи кишвар маҳсуб меёбад.

Паёми Пешвои миллат раҳнамои рушди устувори кишвар ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани нуқтаҳои асосии он метавонад барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар асраи байналмиллалӣ мусоидат намояд. Чун ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои солҳои оянда муайян намуда, оиди пешбурди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, амнияту мудофиа, роҳу нақлиёт, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар оғози суханронии худ роҳбари давлат таъкид намуданд, ки соли 2022 барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад. Ба ақидаи Пешвои миллат барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.

Инчунин, Пешвои миллат зимни баромад ба соҳаи маориф низ диққати хоса зоҳир намуданд. Таъкид карда шуд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

Мактабҳои олии мамлакат тамоми шароитҳоро дар таълиму тарбияи донишҷӯён доранд ва кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки мутахассисони баландихтисосро омода намоянд, ки донандаи на кам аз 2 забонҳои хориҷӣ бошанд. Таъкид гардид, ки забонҳои англисӣ ва русӣ аз тарафи Ташкилоти мутаҳҳидаи миллатҳо дар шумори 6 забонҳои байналмиллалӣ эътироф гардидааст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ таълими ин забонҳо ба таври муосир ва дастрас ба роҳ монда шавад.

Яке аз ҷиҳатҳое, ки дар Паём баён гардид ин рушди илму маориф ва беҳтар намудани шароит барои толибилмон, омӯзгорон, нависандагон, шоирон, олимон ва аҳли зиё мебошад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки сардори давлатамон дар сиёсати худ пеш аз ҳама маорифро гузоштаанд ва дар Паём низ қайд карданд, ки: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Дар Паём махсусан ба соҳаи маориф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд ва аз тарафи Сарвари мамлакат дастур дода шуд, ки аз 1 июли соли 2023 маоши кормандони соҳаи маориф, стипендияи донишчӯён 20% баланд бардошта шавад. Сарвари кишвар роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишварро вазифадор карданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.

Вобаста ба масъалаҳои муҳиме, ки Пешвои мамлакат дар Паёми худ назди намояндагони соҳаҳои мухталиф, аз он ҷумла илму маориф гузоштанд, ба мо кормандони ин соҳа зарур аст, ки дониш, таҷриба, неруи зеҳнии худро баҳри омода намудани мутахассисони баландихтисос, омӯзгорони соҳибкасбу соҳибмаърифат, шахсиятҳои ватандӯсту шуҷоъ, садоқатманду худшинос вахудогоҳ равона намоем.

Таҷрибаи давлатҳои пешрафта исбот намудааст, ки рӯй овардан ба илму маориф, рушд додани ин соҳаҳои мубрам сабаби пешравии миллату давлат мегардад. Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ин сиёсатро аз рӯзҳои аввали идоранамои давлат пеша намудаанд.

Дигар масъалае, ки дар Паем таъкид карда шуд, тарбияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ ва шаҳрвандӣ буд. Вазъияте, ки дар кишвари ҳамсоя - Афғонистон ба вуқӯъ омадааст, ҳамаи моро водор мекунад, ки ҷавононро дар руҳия ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ, меҳанпарастӣ, қадр кардани замину ватани аҷдодӣ ва ҳамеша ба ҳимояи он омода буданро тарбия намоем ва ба камол расонем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносиву худогоҳӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро дар ҷавонону насли наврас ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқу тарғибнамоем.

Мо ҷавонон кӯшиш ба харҷ ва ваъда медиҳем, ки тамоми қобилияти ақливу зеҳнии худро, баҳри боз ҳам тақвият додани соҳаи илму маоириф сафарбар менамоем. Шукр ва ифтихор аз он мекунем, ки чунин Сардори ғамхору дурбинро дорем.

Нурматов Шодмон – докторанти PhD Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ