Паёми Пешвои миллат- омили асоси пешравии нақши зан дар ҷомеа

Ҷоиз ба қайд аст, ки ҳамасола дар Паёми Президенти давлат, доир ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар Паёми имсола низ доир ба нақши занон диққати махсус дода шуда, чунин қайд карда шуд: «Нақши занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург аст».

Инчунин аз тахлилҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми ироа гардид, мувофики нишондодҳо занон 49,3 фоизи аҳолии мамлакати моро ташкил медиҳанд. Ҳоло кариб 68 фоизи коркунони тиб, зиёда аз 73 фоизи коркунони маориф, қариб 27 фоизи коркунони илмӣ ва зиёда аз 23 фоизи коркунони соҳаи хоҷагии қишлоқ занону духтарон мебошанд.

Дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат занону духтарон дар дигар соҳаҳо, аз қабили нақлиёт, энергетика, коммуникатсия, сохтмону меъморӣ, низоми бонкӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ низ фидокорона меҳнат мекунанд.

Қайд карда шуд, ки баланд бардоштани вазъи иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша таҳти назорати ҷиддии Ҳукумати кишвар хоҳад буд. Бо дар назардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо мақсади то 30 фоизи хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоизи кадрҳои роҳбарикунандабарои солҳои 2023-2030 “Барномаи давлатии таълим, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарӣ аз ҳисоби занони лаёқатманд” таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда шавад.

Боиси тазаккур аст, ки Пешвои муаззами миллат доир ба нақши зан-модар чунин суханҳои волоро қайд карда гуфтанд: «Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки модар як махлуқи муқаддас аст, зеро тамоми бузургони ҷаҳон чӣ арбоби давлатӣ, хоҳ сиёсатмадор ва чӣ олим, аз ҷумла паёмбари ислом модар ба дунё омада, аз шири модар ғизо гирифтаанд. Воқеан, мақоми зан-модар дар ислом хеле баланд аст ва беҳуда нест, ки сураи чорум бо номи «Нисо» (занон) ба Қуръони карим нозил шудааст. Аз ин рў, эҳтироми модарону зану духтарон, дар роҳи ҳалли мушкилоти онҳо саъю кўшиш ба харҷ додан, барои илму ҳунар омўхтани онҳо шароит фароњам овардан вазифаи бевоситаи мост».

Боиси тазаккур аст, ки барои бомаърифат гардидани занону духтарон ҳамасола дар Паёми худ Пешвои муаззами миллат дастуру супоришҳои навмедиҳанд, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши духтарон мусоидат намояд. Боиси қайд аст, ки тибқи таҳлили Пешвои миллатдар даврони истиқлолият 11500 нафар духтарон аз навоҳии дурдасти кӯҳистон тибқи квотаи президентӣ мактабҳои олиро хатм карданд. Дар ин давра мактабхои олии касбиро 222 хазор нафар духтарон хатм намуда, холо дар ин донишкадахо боз 100 хазор нафар духтарон таҳсил мекунанд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯдухтарони мо, ки дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.

Хулоса: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштанаш, инчунин аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи соҳаи тандурустӣ, илму маориф, таълиму тарбия, ватандӯстиву ватанпарастӣ, адолати иҷтимоӣ, саховату эҳсон, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ, волоияти қонун ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат мебошад.

Муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Қӯзиева Н.Ҳ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ