​Паёми Пешвои миллат – кафили субот ва рушди устувори давлат

Чун анъана Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дошта, дар доираҳои сиёсӣ онро ҳамчун заминаи конститутсионӣ ва ҳуқуқии ташаккули стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд. Ҳамзамон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти як ҳуҷҷати сиёсиро доро аст, ки бо воситаи он мавқеи сарвари давлат оид ба самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҷомеа муаррифӣ мешавад. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати муосири давлат хеле бузург аст.

Аҳамияти дигари Паёми солонаи Президент аз он иборат аст, ки дар ин ҳуҷҷат нишондиҳандаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа сабт мегарданд; самтҳои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа муайян карда мешаванд; идомаи мантиқии сиёсати давлат инъикос мегардад; самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ муайян карда мешаванд.

Боиси қайд аст, ки паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-уми декабри соли 2022 дар кохи “Сомон”-и бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ,таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас ба миён гузошт.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштанаш, инчунин аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ, волоияти қонун ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад.

Паёми мазкур ҳамчун санади муҳими Сарвари давлат дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ,иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии мамлакат, таъмини амнияти давлат, волоияти қонун ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ҷои махсусро ишғол менамояд. Зеро солҳои охир вазъи сиёсии ҷаҳон тағйир ёфта хавфҳои навиумумибашарӣ ба миён омадаанд. Дар ин раванд,аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам боло рафта, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа баргузории онро бесаброна интизорӣ мекашанд, тавассути воситаҳои ахбори омма матолиби онро бо таваҷҷуҳи хос тамошо ва мутоила мекунанд.

Дар Паёми имсола Президенти кишвар вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар соли 31- солагии Истиқлоли кишвар амиқ ва батафсил таҳлил гардида, вазифаҳо дар соли оянда муайян шудаанд. Зимнан, тавре аз Паём бармеояд, мамлакати мо ба рағми мушкилоти гуногуне, ки хуруҷи бемории коронавирус пеш овард ва авзоимуташанниҷи сиёсии ҷаҳон, тавонист 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро бо дастовезҳои арзанда истиқбол намояд. Баробари ин дар Паём вазифаҳо барои таъмини рушди минбаъдаи иқтисод ва зиёд намудани ҳаҷми маошу нафақа низ пешбинӣ шудааст. Эълон шудани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат аз ҷумлаи ин тадбирҳост.

Боиси қайд аст, ки дар соли 2023 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети давлат маблағгузорӣ карда мешаванд, инчунин, нафақа ва стипендия аз 20 фоиз баланд бардошта мешавад.

Инчунин, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муҳим будани донистани забонҳои хориҷӣ таъкид намуда, қайд карданд, ки омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои инсоне, ки мехоҳад ҷаҳонбиниашро васеъ гардонад, муҳим аст. Имрӯз барои нафароне, ки мехоҳанд забонҳои хориҷиро ба пуррагӣ аз худ кунанд, имкониятҳо зиёданд.

Ҳамин тавр, Президенти кишвар, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон изҳор дошт, ки мушкилотро дар ҷумҳурӣ танҳо худамон, бо заҳмати содиқонаи мардум метавон бартараф кард.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ