​Паём – роҳнамои зиндагии шоиста

Бо ташаббуси кафедраи умимидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ҷиҳати шарҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни шуъбаи фосилавии факултети геоэкология ва туризм мулоқот сурат гирифт.

Мудири кафедраи умимидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Абдунаим Бердишукуров ба донишҷӯён муҳтавои асосии Паёми Роҳбари олии мамлакатро фаҳмонида, доир ба аҳамият ва зарурияти омӯзиши Паём сухан намуд.

Таъкид гардид, ки Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои зиндагии шоистаи сокинон буда, дар меҳвари фаъолият қарор додани он кафили рушду пешравиҳост.

Аз донишҷӯён даъват шуд, ки Паёмро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати омӯзиши илму дониш, ки аз ҷониби Роҳбари мамлакат таъкид гардид, талош намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ