​Паём - роҳнамои омӯзгорон

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар китобхонаи илмии донишгоҳ маҳфили илмии “Сиёсат ва ҷомеа” доир гардид. Дар чорабинӣ устодони кафедра фаъолона иштирок намуда, перомуни мавзӯи “Илму маориф дар меҳвари Паём” маърӯзаҳо ироа карданд.

Таъкид гардид, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзӯи илму маориф ҷойгоҳи хос дошт.

Гуфта шуд, ки омӯзгорон бояд дастурҳои Роҳбари олии мамлакатро, ки зимни ироаи Паём ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим дода шуданд, сармашқи фаъолияти худ қарор диҳанд.

Бо табодули афкор миёни устодони кафедра нишасти навбатии маҳфили илмии “Сиёсат ва ҷомеа” ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ