​Паём –роҳнамои имрӯзу фардо

Таҳти чунин унвон дар факултети иқтисодӣ ҷиҳати шарҳу баррасии нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 бо иштироки васеи устодон ҷаласа баргузор гардид.

Декани факултет дотсент Манзура Нурииддин чорабиниро ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони кишвар баёни воқеияти Тоҷикистон дар гузаштаву таҳлили авзои ҳозира ва маҷмӯи вазифа ва дастуру ҳидоятҳои созанда барои рушди босубот дар оянда мебошад.

Сипас, профессори кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетингАбдураҳмон Қодиров дар мавзуи “Нақши Паём дар рақамикунонӣ ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дотсент Ҷавмшед Алиҷонов дар мавзуи “Паёми Президент – роҳнамои иҷтимоӣ - иқтисодии Тоҷикистон” маърӯза ироа намуданд.

Бобати Паёми Асосгузорӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, д.и.и., профессори кафедраи назарияи иқтисодӣ Исмоилов М.М., ва мудири кафедраи молия ва андоз дотсент Мамадов С.В. фикру андешаҳои худро баён карданд.

Дар интиҳои чорабинӣ таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури созандагию бунёдкорӣ ба кулли сокинони мамлакат маҳсуб ёфта, амалигардонии саривақтии нишондодҳои ин ҳуҷҷати барномавӣ ба рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ