​Паём - роҳнамои ҷавонон

Таҳти ин ном дар факултети математика мизи мудаввар баргузор гардид. Дар доираи ин ташаббус ҷойгоҳи масоили ҷавонон дар Паём мавриди баррасӣ қарор гирифта, аҳамият ва таваҷҷуҳи мақомоти олии мамлакат ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон муҳокима гардид.

Аз ҷониби омӯзгорони факултет ва мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Холдоров Ойбек перомуни мавзуи мавриди назар маърузаҳо ироа гардид.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндаи миллат ва такягоҳи боэътимод унвон намуда, мунтазам мавриди таваҷҷуҳи хос қарор медиҳанд.

Гуфта шуд, ки дар Паёми ҳамасолаи Роҳбари олии мамлакат низ масоили марбут ба ҷавонон дар меҳвари диққат қарор гирифта, аз мавзуи муҳим ва марказии ин дастури роҳнамо маҳсуб меёбад.

Бо табодули афкор миёни иштирокчиён мизи мудаввар анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ