​Паём - роҳнамо ва ифтихори ватандории мост

Таҳти чунин унвон дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид.

Муовини декан оид ба илм ва инноватсия Раънохон Ҳоҷибоева ба сухан баромада, таъкид дошт, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта,самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Аз як тараф, Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян намояд, аз тарафи дигар, дурнамои рушди ояндаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро дар асоси таҳлилу баҳогузорӣ инъикос месозад.

Гуфта шуд, ки Паёми Сарвари давлат ҳуҷҷати раҳнамо, китоби рӯйимизӣ, сармашқи кору фаъолияти ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Дар идома аз тарафи муаллими кафедраи психологияи иҷтимоӣ Меҳрулло Садиров дар мавзуи “Рушди босуботи соҳаҳои афзалиятноки кишвар дар Паёми Пешвои милллат” маърӯза ироа намуд.

Дар фарҷом зикр шуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат сарчашмаи муҳими оғози марҳилаи нави саодати маънавии миллати тоҷик ва худшиносиву худогоҳии миллии мо ба шумор меравад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ