​Паём - роҳандози миллати тоҷик

Ватан кунун барои мо саодати ҷаҳон бувад,

Зибаски бахти халқи ман барои ҷовидон бувад!

Назокати салоҳро ба чеҳраҳо шукуфта бин,

Ки баъд аз ин ҷаҳон чу ман ҷавон бувад, ҷавон бувад,

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми аҳолии мамлакат, санаи 23-юми декабри соли 2022 ироа гардид. Он аз ҷониби донишҷӯёну омӯзгорони МДТ-и “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, аз ҷумла, кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ бо камоли сарфарозӣ пазируфта шуд.

Суханҳои саршори меҳрофарона ва меҳрдори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин Паёми навбатиашон нисбати миллати тоҷик, ки ҳамеша роҳи эҳёнамояндаи миллати куҳанбунёди тоҷикро интихоб менамояд, тамоми халқи мамлакат бесаброна интизорӣ кашиданд. Зеро халқи куҳанбунёд ва муосири тоҷик медонад, ки Пешвои миллат барои пойдории давлат дар баромадҳояшон оид ба вазифаҳои сарбаландона иҷронамуда фараҳмандона аҳсан мегӯянд ва вазифагузориҳои навбатиро барои пешравии мамлакати соҳибистиқлоламон дар назди халқи ватандӯстамон мегузоранд.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба раванди созандагиву ободкорӣ, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устуворӣ, иқтисодии миллӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии сокинони мамлакат ва инчунин эътироф шудани Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор истода гузаштанд. Дар баромад инчунин самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далели мушаххас таҳлил карда шуда, тамоми заҳмат барои ваҳдат, ободиву озодӣ, соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон равона карда шудааст.

Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлоли тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд ва роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ вазифадор карда шуданд, ки ташаббусҳои соҳибкорон ва сармоягузоронро дар оянда бояд дастгирӣ намоянд ва ба фаъолияти онҳо ёрӣ расонанд.

Инчунин, вазорати энергетика ва захираҳои об вазифадор карда шуданд, ки захираҳои мавҷудаи соҳаро самаранок истифода баранд. Президенти кишвар оид ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ, соҳаи сайёҳӣяк бар як истода гузашта мисолҳо оварданд. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ тарбияи ҷавонони боистеъдодро дар мадди аввал гузошта, барои муваффақиятҳои ояндаи кишвар таҳкурсиҳои боқувват монданро таъкид намуданд. Вобаста ба ин, имсол “Барономаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва “Барономаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкимиҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” қабул гардид.

Мусаллам аст, ки дар Паёми имсола низ аз ҷониби Сарвари давлат масъалаи илму маориф, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҶТ ба ҳисоб меравад, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Чӣ тавре, ки Пешвои миллат қайд карданд, соҳаи илму маориф доимо аз тарафи Ҳукумати ҶТ сармоягузорӣ карда шуда, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ аз тарафиҲукумат роҳандозӣ карда шуда истодаанд. Пешниҳодҳои Президенти кишвар оид ба баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии донишҷӯён, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯро ба назар гирифта, омӯзгорон бояд дар амал онҳоро татбиқ намоянд. Зеро набояд фаромӯш кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан ва сатҳи донишу маърифатнокии донишҷӯён аз омӯзгорон вобастагии калон дорад.

Инчунин омӯзгорон ва собиқадорони меҳнат аз Пешвои муаззами миллат, ки аз санаи 1-уми июли соли 2023, ки музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳои донишҷӯён ва магистрантон 20% зиёд мегардад, сипосгузор мебошанд. Онҳо тайёранд, ки дар оянда барои содиқонаву софдилона ва ҳифзи баланди масъулият дар назди халқу Ватан меҳнат намуда, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус дар зинаи таҳсилоти касбӣ ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯйи талаботи замони муосирро тарбия намоянд.

Ҳамин тариқ, Паёми навбатӣ бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз як марҳилаи таърихии давлатдориро сипарӣ намуд ва халқи худро барои пешравӣ ҳидоят намуд.

Бояд иброз намуд, ки моҳият, мазмун ва мундариҷаи асосии Паёми мазкур, ин инъикоси ҳаёти воқеии халқи тоҷик буда, дар он қадриятҳои истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ тараннум ёфтаанд.

Бояд моҳияти Паёми Пешвои миллатро ҳар як омӯзгор, ҳар як донишҷӯ амиқу дақиқ дарк намуда, бо масъулияти баланд ба сӯйи ояндаи дурахшони миллату давлати хеш қадамҳои устувор гузорад ва барои пешрафту шукуфоии Ватани соҳибистиқлол саҳми босазо гузошта тавонад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ