Паём – раҳнамои ҷомеа

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология вобаста ба омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид, ҷамъомад баргузор гардид. Дар кори ҷамъомад устодони факултет, ва мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ номзади илмҳои сиёсӣ Ойбек Холдоров ширкат намуданд.

Файзулло Аҳадов – муовини декан оид ба тарбия ба кори чорабинӣ оғоз бахшида, зикр дошт, ки ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат манзур гардид. Сипас, Холдоров Ойбек перомуни масоили рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагиро мавриди баррасӣ қарор дод. Мавсуф зимнан иброз дошт, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ пеш аз ҳама дастовардҳои кишвар дар солҳои сипаришуда, амалишавии ҳадафҳои муҳимтарину стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф, иқтисодиёт ва инкишофи соҳаи тандурустӣ, дастгирии давлатии ҷавонон ва бонувони лаёқатманд, фароҳам овардани имтиёзҳо ба соҳибкорон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин дигар масъалаҳои заруриву созандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Дар охир зикр гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури созандагию бунёдкорӣ ба кулли сокинони мамлакат маҳсуб гардида, мақсади асосии ин санади муҳим муайян кардани роҳи рушди минбаъдаи ҷомеа барои солҳои оянда аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ