Паём – меҳвар ва дастурамал барои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон

Дар Паёми ироагардидаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамаи он дастовардҳо ва мақсадҳои гуногуни ҳукумату давлат баррасӣ гардид, ки ҷомеаро барои пешбурду мустаҳкам намудани давлату давлатдорӣ заминаҳои асосиро бамиён овардааст.

Ҳамзамон дар оғози суханронӣ қаёд гардид, ки“Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд” зеро дар ҳамаи соҳаҳои гуногуни ҷомеа дастовардҳои назарраси воқеӣ баён гардид. Хусусияти дигари Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки бештар барои тарбияи ватандориву ватанпарварӣ ва хештаншиносӣ фароҳам овардан барои ҷавонон равона гардида аст. Дар ин бора ба хусус зикр гардид: “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад”. Ин худ яке аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки барои бедор намуда, ҳисси ватандориву ҳуввияти миллии ҷавононро боз ҳам бештар намуда, ҷавононро водар менамояд, ки барои халқу миллат содиқ бошанд.

Мавриди зикр аст, ки соҳаи маориф яке аз соҳаоҳои муҳими авлат башумор меравад ва ин ҳам аз мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар назар аст. Соҳаи маориф натанҳо дар паём, балки дар тамоми баромуду вохӯриҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ мегардад ва ҳамзамон барои бештар рушд додани ҷомеа дар соҳаи мазкур имконияту маблағгузорӣ мегардад.

Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки барои тарбия намудани ҷавонон соҳаи маориф калидӣ буда, роҳи минбаъдаи ҷавононро барои фаъолияти ояндаашон дар ҷомеа муайян менамояд. Аз ин рӯ дастгирӣ ва ғамхориҳоиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва хусусан тарбияи ҷавонон ояндаи дурахшони ҷомеа ва садоқатро барои давлатдориву давлатсозӣ муҳайё менамояд.

Аҳли ҷомеаи имрӯзаи мо ҳамаи он амру фармон, ва баронамаву пешниҳодҳои пешкаш намудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун дастурамал қабул намуда, барои пешрафти ҷомеа, ватан, халқ ва миллат содиқона хизмат менамоем ва аз ин пешниҳодҳои Роҳбари мӯътабири миллат ифтихор дорем ва доимо пайрав ҳастем.

Муаллими кафдраи умумидонишгоҳии фалсафа Аюбов Ҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ