​Паём-қутбнамои ҷомеаи босаодат

Таҳти ин унвон дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бо мақсади мавриди омўзиш қарор додани дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, бо иштироки устодону донишҷўён чорабинии илмӣ- амалӣ баргузор гардид.

Зимнан нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат мавриди омӯзиш қарор гирфита, қайд шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайёр кардани мутахассисони босифат ва ба замони муосир мувофиқ, истифодаи босамари усулҳои пешқадами таълим ва навгониҳои илму техника, ҷалби хонандагон ба касбомӯзӣ ва рушди фанҳои дақиқ ва дар баробари ин наздик шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳониро дар назди кормандони соҳаи маориф ҳамасола мегузорад. Аз иштитрокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Роҳбарияти олии кишвар зарур, ки пайваста дар роҳи омӯзши илм талош варзида, кишвари худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.

Ҳамчунин баромадкунандагон қайд намуданд, ки дар зарфи соҳибистиқлолии мамлакат аҳли маориф ва илми кишвар дар баробари тамоми сокинони мамлакат дар устувор гардонидани пояҳои давлатдорӣ ва сиёсати иҷтимоии кишвар дар атрофи назару афкори созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, дар рушду нумӯъ ва тарғибу ташвиқи низоми кунунии сиёсии мамлакат саҳми назаррасе гузоштаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ