​Паём - чароғи роҳнамои миллат

Дар асоси дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар МТМУ/19- и ҷамоати Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон вохӯрии гурӯҳи корӣ бо фаъолони ноҳия баргузор гардид. Дар раванди чорабинӣ, ки бо иштироки Раиси ноҳия Акрамзода Баҳодур сурат гирифт, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Абдуҷаббор, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров - Нодира Мирзозода ва Аҳрорҷон Убайдуллоев баромад намуда, дар бораи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуданд. Баромадкунандагон паҳлӯҳои мухталифи Паёмро муфассал ва ҳаматарафа шарҳу эзоҳ доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ