Паём – барномаи ояндасоз

Санаи 21-уми декабри соли равон Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид. Паёми Сарвари давлат дар пояи таҳлили амиқи илмӣ, назариявӣ, ояндабинӣ, оморӣ таҳия гардида, он барномаи ояндасоз маҳсуб меёбад ва вазифаю ҳадафҳои муҳимтаринро дар роҳи рушди тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон муайян ва мушаххас менамояд.

Ҳар як Паём вобаста ба замон, ҳадафҳои стратегӣ хусусиятҳои худро дорад. Паёми навбатии Пешвои миллат маҳз бо ҷанбаҳои таҳлилӣ, хулосабарорӣ, интиқодӣ ва ояндабинии худ фарқ менамояд.

Президенти мамлакат тамоми ҷанбаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷиро хеле амиқ, мӯшикофона таҳлил намуда, дастовардҳои халқи тоҷикро дар тӯли сӣ соли истиқлолият баррасӣ намуданд. Дар Паём далелҳо ва рақамҳои оморӣ хеле зиёд оварда шуда, аҳамияти амалии он бештар ба назар мерасад.

Дар Паёми навбатӣ мисли паёмҳои пештара масъалаи мактабу маориф, илму фарҳанг масъалаҳои калидӣ маҳсуб меёбанд. Пешвои миллатқайд намуданд, ки Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем.

Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Дар Паём қайд карда шуд, ки дар даврони истиқлолият барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ беш аз 315 ҳазор мутахассисони равияи омӯзгорӣ, аз ҷумла 115 ҳазор омӯзгорон барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр карда шуданд. Ҳоло дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 129 ҳазор нафар омӯзгорон фаъолият бурда, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон дар маҷмӯъ 98,7 фоизро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат дар баробари дастовардҳо дар соҳаи мактабу маориф, сифати таълиму тарбия ба камбудиҳо ва имкониятҳои истифоданашуда, дар ин самт таваққуф намуданд ва таваҷҷуҳи масъулинро барои ислоҳи камбудиҳо ҷалб намуданд.

Дар Паёми Сарвари давлат таъкид гардид, ки “Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд”.

Дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паём ироа гардид мо кормандони соҳаи мактати олиро ба он водор месозад, ки ба баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, лаёқату касбияти устодон, донишандӯзии шогирдон, омӯхтани фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, таълими забонҳои хориҷӣ, хосатан русиву англисӣ дар тамоми факултаву шӯъбаҳо ва ихтисосҳои мактаби олӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Паём ҳамчун ҳуҷҷати ояндасоз барои мо барномаи амал буда, баҳри тадбиқи нуқтаҳои он бояд тамоми саъю кӯшиши худро равона созем.

Шарифов Ш., Ҷабборов И. устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ