Паём: Барномаи мукаммали рушд

Дар кафедраи умудидонишгоҳии педагогикаи умумӣ дар доираи ҳафтаи илм мизи мудаввар дар мавзӯи “ Ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати кӯҳанбунёд дар асоси Паёми Пешвои миллат” баргузор гардид.

Нахуст, дотсенти кафедра Абдуҳаким Шарипов дар мавзуи “Ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати кӯҳанбунёд дар асоси Паёми Пешвои миллат” баромад намуд.

Гуфта шуд, ки Паёми Роҳбари давлат фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар буда, Пешвои миллат фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳои кишварро дар дарозои 30-соли Истиқлоли давлатӣ ба риштаи таҳқиқ ва таҳлил кашиданд ва онро барномаи рушди кишвар барои солҳои оянда ҳисобидан мумкин аст.

Ҳамчунин бо ташаббуси кафедраи мазкур маҳфили илмию намунавӣ таҳти унвони “Ҷавонондар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин” бо иштироки васеи омӯзгорону олимони кафедра ва як гуруҳ донишҷуёни фаъоли факултетҳои донишгоҳ дар фазои озод ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт. Дар ҷараёни маҳфили илмӣ донишҷӯёни фаъол аз факултетҳои математика санъати тасвирӣ ва технология баромад намуда, ҷонибдории хешро аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди дастгирии ташабусҳои ҷавонон баён намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ