​Паём – барномаи амал

Дар кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи амал барои сол буда, иҷрои он моро ба ҳадафҳои олӣ мерасонад. Дар баробари таҳлили ҳамаҷонибаи тамоми самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи мамлакат таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф бори дигар собит месозад, ки воқеан маориф дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат мақоми меҳварӣ дорад.

Дар баромадҳо қайд гардид, ки ғамхориҳои пайваста нисбати пешрафти соҳа ва дастгириҳои аҳли маориф, аз ҷумла боло бурдани музди маоши муаллимон, стипендияҳои донишҷўён ва дигар тадбирҳои муҳим моро водор менамояд, ки бештару пештар дар фикри боло бурдани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бошем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ