Паём – асоси пешравии ҷомеа

Паёми ҷашнии даҳумини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ватамоми мардуми кишвар санаи 21.12.2021 ироа карда шуд.

Пешвои миллат чун анъана дар Паёми худ натиҷаи соли гузаштаро ҷамъабаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои соли оянда муайян намуданд.

Дар Паёми худ ба масъалаҳои сиёсати дохилӣ, хориҷӣ рушди соҳаи энергетика, амнияти миллӣ, рушду такмил додани соҳаи маориф, тандурустӣ, саноти кишвар, баланд бардоштани мақому манзалати зан модар дар ҷомеа, хифзу ҳимояи таъриху фарҳанги миллӣ, эхёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалб кардани ҷавонону занон ба касбу ҳунар омўзӣ, даст назадан ба ҳуруфотпарастӣ, ифротгароӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа, муносибатҳои дипломатиро бо давлатҳои хориҷӣ боз ҳам тақвият додан, ироа карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паёми имсола таъкид намуданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолӣ «аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати ҳамаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ 25% ва аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати ҳамаи кормандонимақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳахои маориф, фарҳанг тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷўён ва дигар намудҳои стипендия 20% зиёд карда мешавад».

Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ҳадди ақали музди меҳнат то 50% афзоиш дода шавад, ки дар чунин ҳол ба 600 сомонӣ баробар хоҳад шуд. Аз гуфтаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, аз 1 июли соли 2022 нафақаи ҷорӣ барои кўдакони ятим низ 25% зиёд мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаашон ба парлумони кишвар баён намуданд, ки «То ҷашни 35-солагии истиқлолияти кишвар солҳои 2022-2026 дар кишвар панҷсолаи рушди саноат эълон карда шавад».

Пешвои миллат ҳамзамон дастур доданд, ки дар ин муддат беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам созанд.

Ҳамзамон Раиси ҷумҳур таъкид намуданд, ки даромади аҳолӣ бояд дар ин давра то ду маротиба афзоиш ёбад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 дарсад расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15% поин оварда шавад.

Дар ин самт Пешвои муаззами миллат гуфтанд, ки «аҳолии кишвар дар соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад ва аз ин лиҳоз сохтмони корхонаҳо низ бояд бештар гардад».

Зимни суханронӣ дар Паём Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «сутуни асосии пешравии ҷомеа соҳаи маориф мебошад. Чунончӣ Пешвои миллат ибрози ақида намуданд, ки ҳатто давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон низ такя ба сохаи маориф менамоянд. Аз ин сабаб мо бояд барои боз ҳам дар сатҳи баланд ташкил намудани таълиму тарбия, омода кардани кадрҳои баланд ихтисос саҳмгузор бошем.

Аз ин рў бояд имрўз на танҳои наврасону ҷавонон балки омўзгорон ва кадрҳои роҳбарикунанда низ бояд ҳадди ақал ду забони хориҷиро омўзанд ва донанд.

Сифати таълиму тарбия беҳтар ва ба замони муосир мутобиқ карда шуда аз усулҳои нави иттилоотии таълим истифода карда, кадрҳои баландихтисос бояд омода намуд. Дар ин асос ба вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки нақшаву барномаҳои таълимиро мукаммал намоянд. Пешвои миллат таъкид намуд, ки «дар соҳаи маориф ислоҳот гузаронидан лозим аст».

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ самтҳои дигари ҳаёти ҷомеаро таҳлилу баррасӣ ва вазифагузорӣ намуданд.

Паёми навини Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамо ва боиси зиндагии осоишта, оѓози инкишофи тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ барои соли навбатӣ мебошад. Тамоми таъкидҳое, ки дар Паёми имсола ироа гардиданд, барои боз ҳам беҳтару шоиста намудани зиндагии мардуми Тоҷикистон бахшида шуда, бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки шиори Пешвои миллати мо таъмини зиндагии шоиста ва некуаҳволии мардум буда, ба халқ содиқона хизмат кардан аст.

Хуллас, бояд гуфт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чун паёмҳои пешин саросар ба беҳбудбахшии шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд нигаронда шудааст.

Амалӣ сохтани ин нақшаҳо танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созандаи аҳли ҷомеаро ба ҳадафҳои муайяннамуда наздик мекунад.

Шарипова Моҳира Ҳасановна - омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ