Падидаҳои умедбахш
Ҳамагон огоҳанд, ки дар аксарияти мамлакатҳои олам ҳаракати “Толибон” чун ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф гардида ва фаъолияти он мамнӯъ эълон шудааст ва онро ҳуҷҷатҳои расмӣ тасдиқ менамоянд. Вале, давраҳои охир бо дастгирии баъзе абарқудратон аъзои “Толибон” низоми давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистони ҳамсоя ба даст гирифтанд ва тартиби хосаи давлатдориро ҷорӣ карда истодаанд. То ҳанӯз аз ҷониби ягон давлати ҷаҳон ҳаракати “Толибон” чун ҳукумати расмӣ шинохта нашудааст ва канда шудани равобиту ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ боиси қатъи кӯмакҳои башардӯстона гардида ба беш аз 23 миллион нафар аҳолӣ хавфи гуруснагӣ таҳдид менамояд.
Талошҳои “Толибон” ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ – иҷтимоии Афғонистон ва кӯшиши барқарорсозии муносибатҳо бо давлатҳои олам на он қадар муваффақона анҷом ёфта истодаасту мардум азоби тоқатфарсо доранд. Талабу пешниҳоди сиёсатмандони сатҳи ҷаҳонӣ нисбати ташкили Ҳукумати фарогири ҳамаи халқияту миллатҳо ва қишрҳои мухталифи ҷомеа то ҳол бенатиҷа мондаанд ва ҷараёни фурӯравӣ ба чуқурии бетаг идома дорад.
Барои оламиён аниқу дақиқ нест, ки амалҳои минбаъдаи давлатдорони имрӯза дар кадом самт равона мегардаду оқибат чӣ гуна мешавад. Яқин аст,ки аҳволи зиндагии мардум қашшоқтар мешавад ва алҳол қисме аз аҳолӣ барои дарёфти қути лоямут маҷбур гаштааст фарзандони худ – духтарони ноболиғро ба сарватманду дороён фурӯшад. Ин ҷоҳилияти асрҳои қадима дар садаи бисту якум хеле нанговар асту боиси таасуф мебошад. Лекин, мардум дар ҳароси гушнагӣ ва қиршавӣ маҷбур гаштаанд, чунин ҷаҳолатро раво бинанд. Қисме аз ҷавонони Афғонистон гушнаву ташна, қисми дигаре дур аз таҳсил, қисме дар дабистонҳо ҷудо – ҷудо духтару писар, қисме бекору саргардон умр ба сар бурда истодаанд, ки зарбаи сахт ба ояндаи давлату миллат мебошад. Бо дарки ин мушкилоту масъулияти ватандорӣ нерӯҳои озодандешу ватандӯсти Афғонистон бо роҳбарии ҷавонмарди панҷшерӣ Аҳмад Масъуд муттаҳид гаштаанду андешаи бунёди давлати мутамаддинро доранд. Қишрҳои солимфикру ояндабини ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ватандӯстонро кӯмаки маънавию моддӣ расонида умедворанд, ки муқовимати шадид бо ғалабаи мутлақ хотима хоҳад ёфт ва дар ояндаи наздик Афғонистон ба мамлакати орому босубот мубаддал хоҳад ёфт.
Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”
Дадобоев М.А.-сармуаллими кафедраи геоэкология ва методикаи таълими факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”