​Озмуни “Рӯдакихонӣ” дар факултети забонҳои шарқ

Дар факултети забонҳои шарқ озмуни “Рӯдакихонӣ” байни донишҷӯёни курсҳои 1 - 4 гузаронида шуд, ки ташаббускори асосии он кафедраи забони англисӣ маҳсуб мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки озмун аз ду бахш иборат буда, донишҷӯён байни худ аз рӯи шартҳои қироати ифоданок аз ашъори Рӯдакӣ бо забонҳои хориҷӣ ва байтбарак бо забони модарӣ иштирок ва баромад намуданд.

Дар натиҷа, Усмонхоҷаев Акмалхон – донишҷӯи курси сеюм ба ҷойи аввал, Муродова Шаҳзода – донишҷӯи бахши дуюм ба ҷойи дуюм ва Хоҷаева Марҷона – донишҷӯи курси якум ба ҷойи сеюм сарфароз гашта, Расулзода Рухшона ҳамчун иштирокчии фаъоли озмуни мазкур муаррифӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ