​Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон

Дар факултети физикаю техника аз тарафи кафедраи электроника озмуни навоварон ва ихтироъкорон гузаронида шуд. Дар озмун аз тарафи донишҷӯён факултет 3 лоиҳаи навовар ва инчунин аз тарафи магистранти курси 1-уми факултети телекоммуникаисия ва технологияи иттилотӣ 1 лоиҳа-навоварӣ пешниҳодкарда шуд. Аз ҷумла, М.Раҳматов - донишҷўи курси 3 лоиҳаи “намоиши кори лабораторӣ дар стенди замонавии XK DG1 Electrician”, А.Шарипов - донишҷўи курси 5 лоиҳаи “таҷҳизот барои ҳосил кардани гидроген аз об” ва Н.Исмоилзода - донишҷўи курси 3 ихтирооти “асосҳои истифодабарии нанотехнология”-ро пешниҳод ва муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин, Т.Юнусов – магистранти курси 1-уми факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ лоиҳаи худро таҳти унвони “таҷҳизот бо истифодаи шабакаи назоратӣ” пешниҳод намуд.

Лоиҳаҳои пешниҳодшуда мавриди шиносои ва баҳс қарор гирифта, аз тарафи ҳакамон хуб пазируфта шуда, устодон ба донишҷӯён оид ба пешбурди корҳои навоварӣ ва ихтироъкорӣ маслиҳату машваратҳои муфид доданд.

Аз рӯи натиҷа ва ҷамъбасти озмун иштирокчиён бо туҳфаҳои садорати факултет қадршиносӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ