​Озмуни “Эссеи беҳтарин”

Бо ташаббуси факултети биология ва химия озмуни эссеи беҳтарин гузаронида шуд. Ин ташаббус ба мавзӯи “Истиқлол – неъмати бебаҳо” бахшида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки озмуни мазкур бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Дар озмун донишҷӯёни курсҳои1-ум ва 2-юми ихтисосҳои биология ва кори тиббӣ-биологӣ иштирок намуданд.

Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ