​Озмуни “Диктанти беҳтарин” дар доираи ҳафтаи илм

Бо ташаббуси кафедраи забони англисӣ дар факултети забонҳои шарқ озмуни “Диктанти беҳтарин” ташкил ва баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур донишҷӯёни курсҳои 1-4-и факултет иштирок карда маҳорати диктантнависии хешро сайқал доданд. Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани маҳорати диктантнависи донишҷӯён унвон мешавад.

Мавзӯи диктантҳо гуногун ва мувофиқ ба курсҳо интихоб гардидааст. Маврид ба зикр аст, ки беҳтаринҳо дар интиҳои ҳафта бо ифтихорнома ва тӯҳфаи садорати факултет сарфароз гардонида мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҳафтаи илм дар факултет давоми ҳафта семинар, маҳфил ва дигар чорабиниҳои илмӣ гузаронида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ