​Озмуни "Беҳтарин бизнес - лоиҳа"

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дар доираи ҳафтаи илм бо ташабусси муаллимаи кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Алиматова У. озмуни "Беҳтарин бизнес - лоиҳа" баргузор гардид.

Дар озмун сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Абдуллоев Ромиз, сардори маркази технологияҳои иттилоотӣ Раҳимов Ҷамшед, декани факултет Узоқова Гулнора, мутахассиси шуъбаи идораи хатарҳои "Имон интернейшнл", тренери маркази таълимии таҷрибаи пешқадам дар бизнес ва молия Фозилова Бароат, мушовири фонди қарзии хурди "Имон" Нозимова Муҳаббат иштирок намуданд.

Дар озмун аз тарафи донишҷӯён 8 адад бизнес - лоиҳа дар самтҳои гуногун пешниҳод гардиданд. Аз ҷониби ҳакамон бо донишҷуён саволу ҷавоб гузаронида шуда, ғолибон муайян шуданд.

Дар натиҷа ҷойи якум насиби донишҷӯи курси якум Холматова Диана, ҷойи дуюм сазовори донишҷӯи курси дуюм Мадмуротов Некрӯз ва ҷойи сеюмро донишҷӯи курси дуюм Мансурова Шоҳина ишғол намуда, бо диплом қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ