Озмун: шарҳи маънои иероглиф

Дар доираи ҳафтаи хитойӣ, ки дар назди кафедраи форсӣ ва хитойӣ ҷараён дорад, силсилаи чорабиниҳои гуногун идома дорад. Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус бо иштироки донишҷӯён озмун оид ба буридани иероглиф дар қоғаз доир шуд.

Донишҷӯён бо қоғазҳои ранга иеролгифҳо бурида, рамз ва маънои онро шарҳ доданд.

Нахустин шуда, аз ҷониби донишҷӯён иероглифи мазкур 福 бурида шуд. Иттилоъ дода шуд, ки ин иероглиф рамзи хушбахтӣ мебошад. Асосан ин рамзро дар рӯзи Соли нави чинӣ истифода бурда, сокинон онро дар тирезаҳои хонаи худ мечаспонанд. Маънои дигари он давлат ва пулро мефаҳмонад.

Чунин озмунҳо миёни донишҷӯён идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ