​Озмун: Мураббияи сол - 2023

Бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ, нишон додани мавқеъ ва маҳорати мураббиёни оянда дар пешрафти ҷомеаи кунунӣ, табодули таҷриба ва ҳавасмандгардонии донишҷӯён дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ озмуни “Мураббияи сол - 2023” байни муҳассилин ташкил ва баргузор гардид.

Дар озмуни маҳорату малака, истеъдод ва дониши иштироккунандагон аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ гардид.

Дар озмун донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 2-юми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносии амалӣ, олигофренопедагогика. Таҳсилоти томактабӣ байни ҳам аз рӯи шартҳои муаррифии машғулияти гузаронидашуда, баҳогузорӣ ба муошират ва муносибати донишҷӯ бо кӯдакони синни томактабӣ, ҳимояи айёнияти дастисохт ва этика ва эстетикаи педагогӣ дар ҷараёни машғулиятҳои таълимӣ рақобат намуданд.

Дар ҷараёни озмун аз тарафи ҳакамон ба ҳар як шарт 10 холӣ гузошта мешуд ва иштирокчӣ бояд дар давоми 10 дақиқа 3 шарти озмунро иҷро мкекард. Дар ҷамъбасти ғолибон бо ифтихорномаву сипосномаву ва туҳфаҳои хотиравӣ қадшиносӣ карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ