Озмун: муаррифии Паём дар доираи инфографика ва медиаграфикаи беҳтарин

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бахшида ба ҳафтаи илм озмуни муаррифӣ, инфографика, медиаграфика ва видеороликҳо таҳти унвони «Паёми ояндасоз» баргузор гардид.

Дар озмун шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шакли муаррифӣ, инфографика, медиаграфика ва ролик байни донишҷӯёни факултет ба роҳ монда шуд.

Тибқи низомномаи озмун донишҷӯёни ҳамаи курсҳо ширкат варзиданд ва ба корҳои пешниҳоднамуда ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ намуданд. Муаррифӣ, инфографика, медиаграфика ва роликҳои беҳтарини донишҷӯён аз ҷониби ҳакамон муайян карда шуда, ғолибон бо сипоснома ва тӯҳфаҳои садорати факултет қадршиносӣ карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ