​Озмун: Маводи тести беҳтарин дар донишгоҳ

Бо ташаббуси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дар донишгоҳ озмуни “Муаррифи беҳтарин” роҳандозӣ гардида, роҳнамо оид ба гузаронидани озмуни маводи тести беҳтарин таҳия гардидааст. “Озмун дар се давр гузаронида шуда, дар сатҳи кафедра, факултет ва донишгоҳ ҷараён хоҳад гирифт. Аллакай ду даври озмун ҷамъбаст гардида, дар назар аст, ки даври сеюм дар сатҳи донишгоҳ дар даҳаи охири моҳи сентябр ҷамъбаст гардад”, - гуфт Маҳмадшо Маҳмадшоев – мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ.

Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур ин пеш аз ҳама татбиқи низоми ташкил ва гузаронидани санҷиши тестӣ, пурра намуданва такмили бонки умумии тестҳои донишгоҳ мебошад. Зеро истифодаи тестҳои гуногун дар раванди дарс яке азусулҳои баҳодиҳии муосир ба шумор рафта, истифодаи он дар ҷараёни таълим масъулияти донишҷӯро дучанд намуда, баҳри баланд бардоштани сифати таълим мусоидат менамояд.

Барои гузаронидани даври сеюми озмун дар назди раёсати донишгоҳ бо фармоиши ректори донишгоҳ комиссияи корӣ созмон дода шудааст.

Талаботи асосӣ барои довталабон озмун аз қисматҳои зерин иборат мебошад:

  • Маҷмӯи тестҳо дар шакли чопии муқовабандӣ гардида ва электронӣ
  • Мавҷудияти мавод дар маҳзани маркази тестии донишгоҳ
  • Маълумоти шахсии довталаб
  • Маълумоти мушаххас дар бораи мавод(то 3 саҳифа)
  • Нусха аз қарори ҷаласаи садорати факултет

Гуфта мешавад, ки ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ