​Осори Пешвои миллат - инъикоскунандаи худшиносии миллӣ ва арзишҳои динӣ

Таҳти ин унвон бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар факултети физикаю техника конфронс баргузор гардид. Ин ташаббус бо мақсади муаррифии асарҳои Пешвои муаззами миллат ва баррасии ҷойгоҳи масоили худшиносии миллӣ дар он мавриди баррасӣ қарор гирифта шуд.

Абдунаим Бердишукуров, мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ дар бораи ҳадафи ташкили конфронс ва аҳамияти муаррифии асарҳои Пешвои миллат сухан кард.

Номбурда таъкид намуд, ки Роҳбари олии мамлакат дар асарҳои худ ба масоили худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, перомуни арзишҳои миллӣ андешаҳои муҳиму идеяҳои созанда баён кардаанд.

Дар идома аз ҷониби омӯзгори кафедра Ҳоҷиева дар мавриди мавзӯи меҳварии конфронс маърӯзаи пурмуҳтаво ироа шуд.

Як қатор донишҷӯёни факултет асарҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла "Тоҷикон дар оинаи таърих", "Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ", "Забони миллат - ҳастии миллат" ва "Чеҳраҳои мондагор" - ро муаррифӣ карданд.

Хотиррасон мекунем, ки бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ҷиҳати тарғиби арзишҳои миллӣ ва таҳкими зиракии сиёсии донишҷӯён пайваста ташаббус зоҳир мешавад, ки ташкили чунин конфронс аз зумраи инҳост.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ