Ошкоршавии наҳзатиёни беномус
Маълуми ҳамагон аст, (аз таълимоти назди бибиамон гирифта) Ислом ва шариати он – ягонагии Аллоҳро шинохтан, панҷ рукни муқаддаси исломро ба ҷой овардан, аз дурӯғу кинаву адоват ва мардумфиребиву мардумозорӣ эмин будан ва аз ҳама муҳимаш созиш байни мардум ҳиссагузор будан аст. Вале агар ба ҳизби назҳат ва фаъолияти он назар афканем замони соҳибистиқлолиро бо душвориву ҷангу бӯҳтон оғоз намудани Тоҷикистон низ аз нақшаҳои кашидаи аъзоёни ин ҳизби “озодихоҳ” буд. Фикр мекунанд, ки давлатро ба даст мегиранду ба он табаддулоту тағйироти куллӣ медароранд, фикр мекунанд, ки бо ин роҳ мардумро озод мекунанду кишварро обод. Вале намефаҳмам, ки мардумро аз чи озод мекунанд?
Баъди соҳибистиқлолиро даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсие ба майдон омаданду баҳри осудагиву озодии кишвар ва рӯй ба тараққӣ овардану ҳамқадами замона гардидани халқи аз ҷангҳои бемаънӣ хастагаштаи тоҷик ҳиссагузор ҳастанд. Мутаассифона, дар ин саф ягона ҳизбе (имрӯз дар Тоҷикистон мамнӯъ), ки худро “озод”, “тозакор”, “ободкор”, “ватандор” меҳисобанд, ҳизби наҳзати исломро номбурдан шояд, ки иштибоҳе бошад, зеро аз аввали таъсисёбӣ кӯшиш намуданд, сафи ҳизбиёнашонро зиёд намоянду аз ягонагиву ҳамдилӣ сухан кунанд, вале дар ниҳоят ин амалу рафторашон ба чи оварда расонид ба хонандаи гиромӣ ва кулли мардуми осоишта чун оина маълум аст, киавроқи таърих ҳамарӯза чи аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионӣ хабардор намуда меистад. Ин ҳизби мамнуъ аз хориҷи кишвар истода, чунон “булбули гӯё” шудаанд, ки ба ғайр аз “айбҷӯӣ” ва ё сухангӯӣ ба ин кишвар будагон дигар амалеро ба худ раво намебинанд. Ҳар рафтори онҳо шубҳаеро ба дили хонандаву бинанда меораду бас... дигар ҳеҷ.... Ба мисол мегирем, ба хотири Аллоҳ гуфтану худро ба доми оташ андохтан, ба номи Оллоҳ гуфтану худро шаҳид гумоштан, бо номи Қуръон гуфтану ба ҳар гуна фисқу фасод рӯй овардан, магар ин аз нигоҳи Ислом аст? Магар оилаи худро ба хотири пулу мол ба давлати бегонаи дар доми оташ буда бурдану ба сарсониҳову нодориҳо гирифтор намуда, ҳамчун шаҳиду ҷанговар омода сохтан магар аз рӯи мардист? Аз рӯйкарди саҳфаҳои Қуръони азим аст?
Халқи тоҷик кайҳост, ки ба хотири ободии кишвар озодона бо сарвариву дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами худ дастболо аст! Кайҳост дар қатори дигар давлатҳо тараққӣ карда истодааст, устуворона қадам мениҳад.
Вале, агар ба аъзоёни ҳизби наҳзат нигарем, ҳама роҳи гурезро қарор дода, ба давлатҳои хориҷ, баҳри идомаи сиёҳкориву бӯҳтонсозӣ ҳамарӯза фаъолияти “пурсамар” намуда истодаанд. Ба васоити ахбори омма ва ё “сарчашмаҳои худӣ” ахборотеро аз Тоҷикистон дармеёбанду чун туфоне гузоришу мақолот ифшо намуда, ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой медиҳанд ва бо ин фикр мекунанд, ки чашми мардумро ба ҳақиқат мекушоянд, хаёл доранд, ки мардумро аз беадолативу бадкорӣ огоҳ менамоянд. Агар чунин мебуд, магар ин ҳама ободиву озодӣ рӯи кор меомад? Магар Тоҷикистон рӯз аз рӯз гул-гул мешукуфт? Ҳаргиз! Кишвар ба монанди Афғонистону Сурия дар доми оташ мемонд.... Мо ин фаъолияти “ободкорона”-и наҳзатиёнро намеписандем! З-ин сабаб ин наҳзатиёни наҳс забони худро бипӯшанду моро ба ҳоли худ гузоранд!!!