Он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест
Дар Тоҷикистони маҳбуби мо дар мубориза баҳри соҳибистиқлолии кишвар ҳазорон нафар ҷон бохтаанд, ҳазорон нафарашон беному нишон шуданд, ҳазорон нафари дигар бошанд дар мулки ғайр маскан гирифтаву соҳиби хонаву дар гардидаанд, аммо нафарони зиндабудаи дар Ватан монда, дар дилҳои хеш умед мепарвариданд, то сулҳ ба Ватан боз ояду онҳо низ аз ҳавои поки Ватан озодона нафас бигиранд,
Имрӯз як гурӯҳи фарзандони замоне барои миллату давлат «содиқ», амсоли гурӯҳҳои террористӣ-экстремистии «Гурӯҳи 24», ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ ҷидду ҷаҳд бар он доранд, ки ба ҳар восита доираи гурӯҳҳояшонро фарохтар созанд ва ба амнияти марзу буми ин кишвари тозаистиқлолу саодати ин мардуми озодандешу покизарӯзгор халал ворид намоянд. Имрӯзҳо онҳо бозори ҳангоматалабии худро гарм сохта, мардуми шарифи Бадахшонро ба гумроҳӣ бурда дар сомонаҳои интернетӣ хабарҳои дурӯғу туҳматангез, дассисаю иғвоҳои навбатии худро нисбати давлату ҳукумати феълии Тоҷикистон ва иқдомҳои инсондӯстонаю ватанхоҳонаи Сарвари давлат барангехта бо тобиши барои худашон маъқул пешниҳод намуда, ҷомеаро ба нофаҳмӣ меоранд.
Мардуми соҳиби иродаи матину ақли солими Бадахшон бояд дарк намоянд, ки он ҳама гапу сафсатагӯиҳо ва айбдорикуниҳои ин қабил одамон, ки дар ҳаққи Ҳукумату давлат раво мебинанд, рост набуда, балки фиребу дурӯғи маҳз аст, ки мехоҳанд бо фиребу макр мардум ва алалхусус, ҷавононро ба гурӯҳҳои худ шомил созанд, бар зидди миллату давлат, ки баъди ҳазорҳо сол бо ҳазорон машаққату ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва соҳибхираду тавонояш ба даст омад, аз байн баранд.
Шамил Назарзода - таҳлилгар