Омӯзишу тадриси забони русӣ ва англисӣ дар шароити рушди инноватсионӣ

Дар толори калони факултети филологияи рус конференсияи илмӣ-амалии минтақавӣ таҳти унвони «Масъалаҳои муҳими омӯзишу тадриси забони русӣ ва англисӣ дар шароити рушди инноватсионӣ” доир гардид. Ин иқдом бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷиикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Барномаи Давлатии такмили таълим ва омўзиши забони русӣ ва англисӣ дар ҶТ барои давраи то солҳои 2030” ба роҳ монда шуд.

Дар кори конфронс аз раёсати донишгоҳ сардори Раёсати илм ва инноватсия дотсент Абдуллоев Ромиз, устодону олимон аз тамоми донишгоҳу донишкадаиширкат карданд.

Декани факултет дотсент Шаропова Раъно конфронсро ифтитоҳ ва ҳозиринро бо рӯзномаи он шинос намуд.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони русиро барои тоҷикон забони дуюми модарӣ унвон намуда, барои ҷомеаи мо дорои аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ маънидод кардаанд.

Дар доираи конфронс перомуни мавзуъҳои “Принципы отбора содержания и организации обучения русскому языку в нефилологических специальностях”, “Актуальные проблемы обучения английскому языку в общеобразовательной школе и вузе”, “Роль грамматики в обучении русскому языку в технических вузах”, “Актуальные вопросы методики преподавания и трудности организации изучения русского языка в системе профессионального образования в вузе” ва ғайра маърӯзаҳо шунида шуданд.

Конфронс аз рӯйи панҷ бахш: Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ: услубшиносӣ ва фарҳанги сухан дар забоншиносии муосир; Масъалаҳои мубрами адабиётшиносӣ ва назарияи адабиёт; Методикаи таълими забон ва адабиёт дар шароити рушди инноватсионӣ; Масъалаҳои назария ва амалияи омўзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосирва дар шароити рушди инноватсионӣ; Масъалаҳои мубрами таълими забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ), услуби илмӣ ва фанҳои тахассусӣ” ҷараён гирифта, дар маҷмуъ 45 маърӯзаи устодону донишҷӯён ироа гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

:

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ