​Омӯзиши вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ

Бо мақсади омӯзиш ва азхудкунии забонҳои русӣ ва англисӣ аз ҷониби мутахассисони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Луғати вожаҳои серистеъмоли забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ таҳия гардида, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.09.2022 таҳти рақами №1337 барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, устодону донишҷӯёни таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои олӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм аз ёд кардани 400 калимаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ русӣ ва англисӣ ҳатми дониста шудааст. Баҳри дар амал татбиқ намудани он бо ташаббуси мудири кафедраи педагогикаи умумӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шуҳрат Кучибоев аз ҳисоби омӯзгорони ҷавони кафедра дарси омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шуд.

Дарси мазкурро омӯзгорони ҷавони кафедра Насиба Рафибаева ва Манижа Мирмаматова барои аҳли кафедра ҳафтае ду маротиба баргузор менамоянд. Омӯзгорон дар ҷараёни дарс аз усулҳои фаъоли таълим ва методҳои муосири забономӯзӣ самаранок истифода менамоянд, ки ин барои аз худ намудани забони англисӣ имконият фароҳам меорад.

Дар факултетҳо ва дигар кафедраҳои донишгоҳ низ чунин тадбирҳо роҳандозӣ карда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ