​Омӯзиши асарҳои Пешвои миллат

Омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳи сиёсатшиносӣ Ҳоҷиева Мунира ин навбат дар доираи фанни сиёсатшиносӣ асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои донишҷӯён муаррифӣ намуд.

Дарси мазкур бо донишҷӯёни соли якуми факултети геоэкология ва туризм ташкил гардида, ҳадаф аз он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии донишҷӯён унвон мешавад.

Омӯзгор Ҳоҷиева Мунира дар бораи асарҳои таърихии Пешвои миллат оид ба таърихи тамаддун, забон ва шахсиятҳои мондагори таърихи халқи тоҷик маълумоти муфассал дод.

Таъкид гардид, ки омӯзиши асарҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати тарбияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва омӯзиши корномаи бузургон дар роҳи ватандорӣ нақши муассир дорад.

Дар идома аз ҷониби донишҷӯён перомуни “Чеҳраҳои мондагор” маълумот манзур гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки “Чеҳраҳои мондагор” беҳтарин намунаи осори таърихӣ дар доираи 25 нафар чеҳраҳои мондагори тамаддуни олам, ки решапайванди миллати бузурги тоҷик мебошанд, маҳсуб меёбад.

Бо табодули афкор миёни донишҷӯён дарс анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ