Омӯзиши асарҳои Пешвои миллат – дарси худшиносиву меҳанпарастӣ

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини худ бо бисёр масъалаҳои мураккаб рӯ ба рӯ омадааст ва хушбахтона ҳамаи онҳоро таҳти Сарвари сиёсатмадору дурандешаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила сарбаландона ҳал намудаву барои рушди бемайлони минбаъда ҳадафҳои олиро пеши худ гузоштааст. Ҳалли масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз љумла такмилу ташаккули соҳаи илму маориф пайваста дар маркази таваҷҷӯҳи сиёсати давлату њукумати мамлакат қарор дорад. Зеро чи хеле ки Президенти кишварамон ҳамешагӣ таъкид медоранд, бе рушди соҳаи илму маориф ба ҳадафҳои дигари стратегӣ дастрас шудан имконнопазир аст. Маҳз дар зинаҳои гуногуни соҳаи маориф барои саросар босаводии ҷомеа, омодасозии мутахассисон барои ҳамаи самтҳои хоҷаги халқ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дода мешавад. Дар ин самт дар баробари таълим бешак доимӣ ба тарбияи муҳассилин низ таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад. Дар ҷодаи таълиму тарбияи ҷавонон мутолиаи асарҳои пурмӯҳтавою бебаҳои Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, «Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор», “Уфуқҳои истиқлол” мавқеи муҳим доранд.

Пешвои миллат ояндаи миллатро маҳз дар таълиму тарбияи баланди ҷавонон мебинанд. Омӯзиши таърихи ниёгонро аз рукнҳои муҳими расидан ба ин матлаб ҳисобида, таъкид сохтаанд, ки: “Як сарчашмаи воқеии худшиносии миллӣ, қабл аз ҳама, бунёди давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, рӯ овардан ба гузаштаи пурифтихор, ҳифзи тамаддуну мероси фарҳангии ниёгон ва поси хотири шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги миллат мебошад. Воқеан, мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробари чандин омилҳои объективию субъективӣ боз як омӯзгори хеле сахтгиру нуқтасанҷ дорад, ки онро таърих меноманд. Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯи мо қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдории тоҷиконро бароямон мекушояд”.

Ба қавли Пешвои миллат дар камолоти инсон ва ҷомеа донистани таърихи гузашта, аҳамияти аввалиндараҷа дошта, дар инкишофи андешаю тафаккури пешқадам нақши муҳим мебозад. Барои насли наврасу ҷавони имрӯза донистани он муҳим аст, ки аҷдодони бофарҳангу бонангамон новобаста аз вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳамаи марҳилаҳои таърихӣ волоияти забону фарҳанги миллиро ҳифз ва арҷгузорӣ намудаанд.

Китоби пурарзиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор” дорои аҳамияти бузурги тарбиявӣ, илмиву таърихӣ мебошад. Дар китоби мазкурмуаллиф оиди ҳаёту фаъолият, фидокорию ҷоннисориҳои фарзандони шуҷоу далери миллати тоҷик тадқиқотҳои пурарзиш намудаанд. Китоби мазкурро Пешвои миллат бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таълиф намудаанд. Он ҳамчун армуғони маънавии гаронарзиш батакрор собит месозад, ки эътиқоду эътимоди Сарвари кишвар ба таърих, адабиёт ва фарҳанг беандоза аст. Омӯзиши ин асар дар ниҳоди ҳар як хонанда, хоса ҷавонони Ватан эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандориро ташаккул дода, бо таърихи ибратбахши миллат ошно месозад.

Дар китоб Пешвои миллат алломаҳо ва симоҳои барҷастаи таърихӣ, олимону адибон ҳам классик ва ҳам муосирро, ба мисли Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хисрав, Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ муаррифӣ намудаанд. Ба зиндагиномаи қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода таваҷҷӯҳи хоса додаанд, ки воқеан дар бунёду ташаккули Тоҷикистони имрӯза, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тоҷикон хидматҳои бузург кардаанд.

Китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” шоҳасари дигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Дар ин асар таъриху тамаддуни ниёгони ориёии мо то истилои араб дар заминаи манбаъҳои боэътимоди таърихӣ ва тадқиқотҳои пурмуҳтавои олимони ватанию хориҷӣ мавриди тадқиқу омӯзиш қарор дода шудааст. Ин китоб масъалаҳои гуногуни таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии қавми ориёинажоди Осиёи Марказӣ дар робита бо таърихи тамоми эрониён фаро гирифтааст. Муҳиммияти “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” боз ҳам дар он аст, ки масъалаҳои ташаккули халқиятҳои ориёӣ, пайдоишу инкишофи тамаддуни он, ба миён омадани давлатҳои мутамарказ, нақши маданияту фарҳанги ниёгонамон дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонро дар асоси дастовардҳои нави илмӣ - тадқиқотӣ дар худ фаро гирифтааст.

Назари нек, муҳаббат ва самимияти хосае, ки Пешвои миллат нисбати таърихи халқи тоҷик доранд, барои ҷавонони имрӯза намунаи олӣ мебошад. Сарвари давлат дар ин асарашон чунин овардаанд, ки: “Ман аз саҳифаҳои куҳани таърихи диёр, аз осори шаҳристонҳои вайронаву нимвайронаи сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гарду чанги асрҳо нақши гузаштаро меҷӯям. Мехоҳам пораҳои шикастаро васл кунам, риштаҳои гусастаро бо ҳам бипайвандам, ҳақро аз ноҳақ, ростро аз дурӯғ ҷудо карда, аз сабақҳои таърих панде биомӯзам”. Маҳз меҳру самимияти воқеӣ инсонро ба омӯзиш ва барқарор намудани саҳифаҳои аслии гузаштаи таърихи миллат водор мекунад, то ки дар гӯшаи фаромӯшӣ аз байн наравад.
Аз ҷониби Пешвои миллат тарғиби омӯзиши ёдгории қадимтарини ниёгонамон – “Авасто”, ки аз зумраи сарчашмаи хаттии ниёгонмон ба ҳисоб меравад, қобили таваҷҷӯҳ аст. Пешвои миллат зикр менамоянд, ки “Авасто” дар зиндагии ҳамарӯзаи аҷдоди мо ҳамчун роҳнамои муҳим барои тамоми табақаҳои ҷамъият - кишоварзон, ҳунармандону косибон, сарлашкарону сипоҳиён, подшоҳону тоҷварон, муъбадону коҳинон хизмати арзандаро иҷро мекард. Пояи он дар се асл қарор гирифта буд - “Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек”. Маҳз мазмуну мундариҷаи баланд, арзиши тарбиявию ахлоқии ин китоб буд, ки новобаста аз равандҳои гуногуни таърихӣ мохияти худро то имрӯз гум накардааст. Ҳатто аз қисматҳои боқимондаи “Авасто” маълум мешавад, ки аҷдоди тоҷикон соҳиби донишу маърифати пешрафта будаанд.

Пешвои миллат бо таълифи асари “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”насли имрӯзу фардоро бо корномаи гузаштагон ошно менамоянд, то ки онҳо дар баробари маърифати таърихи гузаштагони хеш ибрати ватандориро низ омӯхта бошанд. То ин ки дар баробари доштани андешаи қавии миллӣ, ки омили муҳими музаффариятҳои имрӯзу фардо мебошад, ахлоқи некӯи инсониро низ соҳиб бошем.
Омӯзиши асарҳои пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми кишвар, бахусус наврасону ҷавонон мояи ифтихор, намунаи ибрат, дарси худшиносиву меҳанпарастӣ аст.

Дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи МДТ-и “ДДХ ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров” Ҳасанова Зебинисо Абдулатифовна

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ