​Ворух- макони одамони руҳи озод дошта

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷик бар сари касе бе асос, бо теғ нарафтааст, таърих гувоҳ аст, ки тоҷик бо ақлу заковат девори бадбинӣ шикастаст .

Бо шунидани изҳороти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар хусуси иваз кардани Ворух бо заминҳои ноҳияи Боткен, ки сабаб ба оғози ҳама нохушиҳову хунрезиҳо гардид, бе шубҳа андешаеро дар фикр овард, ки наход раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии як давлати соҳибихтиёр, бе асос, андешаи хаёлии худро, ки ин орзуи дар хоб дидаи ӯ мебошад,нисбати халқи диёри хушманзару таърихи куҳан доштаи тоҷик Ворух мувофиқ донад, хато карда аст. Ҳар касе, ки дар хун одати аз ҷое ба ҷое куч бастанро дорадоё ба маънию мазмуни муқимӣ будан, муқаддас доштани хоки Ватан, поси хотири аҷдодоне, ки дар он замин хок шудаану дар дилу ҷигари хешу таборон ҷой гирифтаанд сарфаҳм мерафта бошад? Ҳаргиз не !

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ва миллати қирғиз солҳо не асрҳои зиёд бо ҳам дӯстона зиндагӣ карда, ҳатто дар баъзе марзҳо омезиши оилавӣ ҳам доранд. Пӯшида нест, ки халқҳои сарҳадии Қирғизистон барои хариди рӯзғор ба бозорҳои шаҳру марказҳои ноҳияҳои вилояти Суғд ( шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Ғафуров, Хуҷанд, Истаравшану ноҳияи Ҷ.Расулов) меомаданд, бе ягон монегӣ харид карда бо хушию хурсандӣ ба хонаҳояшон бар мегаштанд оё ин зиён ба касе буд? Дар навбати худ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар вақти баста будани сарҳадҳо бо мадади бародарони қирғиз сафар ба хориҷмекарданд. Боз саволе ба миён меояд, ки ба ки лозим омад, ки ин тинҷию амониро пароканда намояд, сабабгор ба нохушиҳо шавад?

Ҳодисаҳои дар сарҳади ду давлат рӯй дода ин хоҳиши халқи оддӣ не, ин хоҳиш ва ҳаракатҳои шахсони иғвогаре, ки тинҷиро дар сарҳадҳо намехоҳанд. Беҳуда қурбон шудан, захми шудан, рехтани хуни ноҳақ ба ки даркор ? бас набуд он хунҳое, ки барои барқарор кардани сулҳу салоҳ, баҳри пойдор намудани ваҳдат рехта буд. Ба мо тоҷикон осоишта зистан, ободу зебо сохтану гул-гул шукуфониимамлакат, аз ҳар ҷангу ҷидол боло меистад.

Ҳаёти чандин солҳои охир нишон дод, ки халқи қирғиз гирифтор ба ҳодисаҳои амалигардонии андешаҳои сохтаи гурӯҳҳои зери ниқоби мубориза барои “адолат” гаштаанд. Ба халқи сулҳдӯсти қирғиз, муроҷиат карда гуфтани ҳастам, ки ягон мамлакатеро дидаед, ки дар муддати кӯтоҳи таърих созандагони “адолат” худро ҳамчун ҳимоягари манфиатҳои мардум муаррифӣ карда аз Ватан чанд президентро ки халқ интихоб кардааст (А.Акаев, К.Бокиев, А.Отамбоев, С.Жээнбеков) ронанд ? Ин ҳодиса дар таърихи инсонияти ягон мамлакат нашудааст. Ҳодисаҳои нохуши дар мамлакатҳои гуногуни дунё шуда натиҷа аз амалигардонии нақшаҳои гурӯҳҳои экстремистӣ буда ягонтои он ба ободию сулҳу салоҳ нигаронида нашудааст охир.

Магар вақти он нарасидааст, ки ба он рӯзҳои осоишта зистан, ҳамсояҳои ғамхори ҳамдигар будан, ба пешравию тарақӣ кардани мамлакатҳои ҳамдигар дасти ёрӣ расонидан баргардем.

Дар навбати худ ба ҳамватанони хеш муроҷиат карда гуфтаниям, ки новобаста аз мансубияти милливу мазҳабӣ ва нажодӣ дар чунин давраи душвор мо омӯзгорон бояд ҷавононро дар атрофи ҳукумат ва Сарвпри мамлакат боз ҳам зичтар бо ҳам омада нагузорем, ки андешаҳои нопоки касон амалӣ гашта бошад

Олов Саидмаҳмад

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ