​Олитарин арзиш дар ҷаҳони муосир

Мақсади асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол ин муттаҳидсозии кулли сокинони кишвар, таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи якпорчагии марзӣ мебошад. Таҷрибаи кишварҳои гуногуни олам, таҳлили ҳолат ва вазъи сиёсии ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки ҳалли ин вазифа басо муҳим мебошад. Бидуни ҳукмфармоии фазои ороми сиёсӣ давлат қодир нест, ки ба ҳадафҳои стратегӣ, созандагиву ободонӣ ва рушди некӯаҳволӣ дар сатҳи зарурӣ дастёб гардад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки амниятро ҳамчун вазъияти муҳофизати манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат пазирем. Зеро манфиатҳои миллӣ ҳамеша ниёз ба ҳимояву пуштибонӣ дорад. Чунин кирдор аз муносибати ҳар як шахс ба манфиати миллӣ вобастагӣ дорад. Воқеаҳои солҳои охир, инчунин муносибати геополитикии кишварҳои дуру наздик зарурати амалӣ гардонидани идеяҳои консепсияи амнияти миллиро тақозо менамояд.

Имрӯз, бо баробари боло рафтани ҳисси худшиносии миллӣ, дарк намудани ҷавобгарӣ дар назди Ватан-модар, иродаи матин дар амри муҳофизати Ватан, хусусан, минтақаҳои марзӣ ҳимояи ҳар як ваҷаби хоки меҳан ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд дар умқи қалбу шуураш ҷой дорад. Ҷумҳурии мо дорои неруи азими иқтисдию илмӣ ва ақлонӣ мебошад, ки имконияти кишварро барои рушди устувор муайян карда метавонад ва барои муайян намудани дурнамои стратегии амният ва бехатарии давлат заминаи воқеӣ гузошта метавонад.

Вазъи геополитикӣ ва байналхалқии дар атрофи Ҷумҳурии Тоҷикистон бамиёномада, хусусан, зиддиятҳои марзӣ масъалаи пеш гирифтани роҳи созиш, даст кашидани ҷониби Қирғизистон аз даъво ба марзи бегона ва музокира барои рафъи низоъҳоро талаб менамояд.

Хушбахтона, кулли сокинони Тоҷикистон аҳамият ва зарурати ҳифзи якпорчагии Ватанро дарк намуда, бо камоли ифтихор ва қалби саршор аз муҳаббат омодагии хешро барои ҷонро фодои Ватан кардан иброз медоранд. Агар мардум аз имконияти мавҷуд будани хавфу хатар ва таҳдидҳо ба амнияти кишвар бохабар бошанд ба ҳамон миқдор ҳушёрии миллӣ ва зиракии сиёсиашон пурзӯру қавӣ мегардад. Тамоми мураккабӣ ва вобастагии омилҳое, ки ба ташаккул ва тадбиқи амнияти миллӣ таъсир мерасонанд, аз миён бардошта мешавад. Дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи давлат устувор, шукуфоии халқ ва ташаккулёбии ҷомеа таъмин мегардад. Зеро амният олитарин арзишест, ки муносибати устувор ва талаботи одамонро инъикос менамояд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ