​Олимпиадаи фаннӣ дар кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ

Дар кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ низ давраи аввали олимпиадаи фаннӣ, ки дар донишгоҳ шурӯъ аз оғози моҳи равон ҷараён дорад, баргузор гардид. Боиси тазаккур аст, ки олимпиадаи фаннӣ дар асоси нақшаи шуъбаи омодакунии кадрҳои илмиву педагогии раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он дарёфти донишҷӯёни лаёқатманду соҳибистеъдодаст.

Довталабон аз рӯи саволномаи омоданамудаи омӯзгорон, ки аз ҷониби мудири кафедраи мазкур тасдиқ гардида буд, ҷавобҳо омода намуданд, ки беҳтаринҳо ҷиҳати иштирок ба давраи дуюми олимпиада роҳхат хоҳанд гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ