​Олимпиадаи фаннӣ аз сиёсатшиносӣ


Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ даври аввали олимпиадаи фаннӣ аз сиёсатшиносӣ гузаронида шуд. Ҳадаф аз ин ташаббус дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ва дорои саводи баланди сиёсӣ унвон мешавад.

Абдунаим Бердишукуров, мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ташкили чунин олимпиадаро миёни донишҷӯён тадбири муфид унвон намуда, афзуд, ки ин иқдом имкон фароҳам меорад, ки донишҷӯёни фаъол дарёфт ва қадршиносӣ гарданд.

Ба таъбири дигар, номбурда ба роҳ мондани чунин ташаббусро дар шароити муосири тақозои замон номид. Зеро ҷиҳати устуворӣ дар раванди бадалшавии идеологияҳо мусаллаҳ будан бо саводи сиёсӣ шарти муҳим маҳсуб меёбад.

Хотиррасон менамоем, ки феълан дар тамоми факултетҳои донишгоҳ даври аввали олимпиадаҳои фаннӣ ҷараён ёфта, беҳтаринҳо ба даври дуюм роҳхат мегиранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ