​Олимпиада аз фанни забони фаронсавӣ

Дар факултети забонҳои шарқ миёни донишҷӯёни курси аввали ихтисоси “Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ” аз фанни забони фаронсавӣ олимпиада баргузор гардид.

Олимпиадаи мазкур бо дастгирии Маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда, дар он 18 нафар донишҷӯёни болаёқати факултет иштирок карданд.

Олимпиада аз рӯйи талаботи имтиҳони байналмилалии дониши забони фаронсавӣ (DELF А1) гузаронида шуда, дар доираи он маҳорати фаҳмиши шифоҳӣ, фаҳмиши матнӣ, кори хаттӣ ва муоширатӣ санҷида шуд.

Тибқи хулосаи ҳакамон донишҷӯён - Фахриддин Қобилов ҷойи аввал, Сарвиноз Қурбонова ҷойи дуюм ва Тӯйалӣ Бургутов ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

Ба ғолибон сертификат ва ҷоизаҳои молиявӣ ҷиҳати омӯзиш дар Маркази фарҳангии Фаронса супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ