​Олими сермаҳсул ва омӯзгори асил

Дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 60-солагии фаъолияти илмӣ-омӯзгории дотсенти кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотии факултети математика, Усмонов Отаҷон Ҳакимович бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро хайрамақдам гуфт. Мавсуф зикр дошт, ки пас аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат гирифтани ислоҳоти соҳаи маориф ва илм мақоми омӯзгор ва муаллим ҳамчун яке аз самтҳои меҳварии сиёсати маорифпар­варона ва фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.Дар такя ба гуфтаҳои ҳикматомези Пешвои муаззами миллат зиёиёнро метавон ҳамчун раҳнамо ва қувваи воқеии пешбарандаи ҷамъият ба ҳисоб овард. Зеро рисолати маърифатпарварии онҳо пеш аз ҳама дар оила, дар мактабу муассисаҳои таълимӣ ва инчунин дар миёни ҷавонон ва аҳли ҷомеа ба таври назаррас ба мушоҳидамерасад, - иброз дошт зимни суханронӣ Усмонзода Аюб.

Гуфта шуд, ки Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”ба сифати як маркази бонуфузи илму маориф дар татбиқи саривақтии ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ менамояд. Ташкили конференсияи илмии амалии имрӯза, ки ба ҳаёт ва фаъолияти пурсамари яке аз омӯзгорони асил ва воқеӣ, дотсент Усмонов Отаҷон бахшида шудааст, намунаи ташаббусҳое ба шумор меравад, ки дар доираи чорабиниҳои ҳафтаҳои илм дар донишгоҳ ташкил ва баргузор гардида истодааст.

Қайд шуд, ки Усмонов Отаҷон Ҳакимович аз олимоне мебошанд, ки дар раванди омода кардани кадрҳои соҳаи математика саҳми назаррас доранд ва устод дар тӯли фаъолияташон вазифаи муқаддаси хешро, ки омӯзгорист, бисёр дар сатҳи баланд ва қобилияти фавқулода ба анҷом расонидаанд.

Сипас, досенти факултети математика Бобохонов Қулихон дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти дотсент Усмонов Отаҷон”, Ҳаким Карим ва Холматов Муқимҷон дар мавзуи “Саҳми Усмонов Отаҷон дар ободкории маҳаллаи зист” маърӯза намуданд.

Дар фарҷоми конференсия барқияҳои табрикотии ба унвони чорабинии имрӯза ворид гардида ба самъи иштирокдорон расонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ