​Оқибатро бояд андеша кард!

Дар замони муосир ҳаёту мамоти аҳолии давлати алоҳида, гарчанде бузургу тавоно бошад ҳам, бидуни ҳамбастагӣ бо ҳамсоядавлатҳо ва мамлакатҳои дигар имконпазир аст. Исботи чуни ақидаро дар сару садоҳои мухталиф нисбати давлати Россия дидан мумкин аст, ки баъд аз воқеаиоғози амалиёт махсуси ҳарбӣ барои муҳофизати аҳолии минтақаи Данбасс шурӯъ гардид. Таҳримҳои сиёсиву иқтисодӣ аз ҷониби мамлакатҳои рақиб ҳукуматдоронро ҳушдор сохт, ки дар замони пуртаззод дарёфти шарикони боэътимоди стратегӣ хеле мушкил будааст.

Мусаллам гардид, ки вазъи ноороми сиёсиву иқтисодии мамлакати ҳамсоя ба давлати ҳамсарҳад таъсири баланд мерасонидааст ва аз ҳамсоядавлат ҳушёриву зиракӣ ва дурандешӣ металабад. Вагарна, эътимод ба ҳомию пуштибони тавоно бидуни манфиати ҳамсоягӣ оқибати нохуш доштааст, ки дар амалҳои дирӯзаю имрӯзаи ҳукуматдорони Украина ба мушоҳида мерасад ва инъикос ёфтааст. Хусусан, саривақт пешгирӣ накардану муқовимат ба зидди падидаи миллатгароии ифротӣ оқибатҳои шадидро боровар шудааст. Эҳтимолияти воқеии мутеъгаштани ҳокимияти сиёсии давлат ба ҳомии худ ба вуҷуд омадааст, ки мамлакатҳои дигарро ҳушдор медиҳад. Дар идоракунии давлат такя кардан ба ғояҳои манфиатхоҳии миллати таҳҷоӣ дарахти бесамар мебошад, вале то ҳанӯз на ҳамаи сиёсатмадорон аз ин воқеаҳо дарси ибрат омӯхтарафтору кирдор дигар накардаанд.

Баҳси минтақаҳои ҳамсарҳадии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон таърихи начандон тӯлонӣ дорад ва ҳам бевосита ба худшиносии миллӣ такя менамояд. Ҷониби қирғиз манотиқи хушомадаашро аз они худ мешуморад ва ҳатто одоби меҳмониро сарфи назар кардааст. Бар замми он, сиёсатмадорони навбаромади сатҳҳои гуногуни давлатӣ дидаю дониста гурӯҳҳои муайянро шӯр меандозанду вазъро ноором месозанд. Падидаҳои номатлуби муноқишаҷӯӣ пайваста аз ҷониби қирғизтаборон ба вуқӯъ мепайвандаду муқовимати шадиди мардуми оддӣ ва ҳам мақомоти қудратии Тоҷикистон онҳоро ба ақибнишинӣ ва мусолаҳа маҷбур месозад. Вале, дере нагузашта боз шикастани созишномаҳои байнидавлатӣ ва риоя накардани меъёрҳои маъмули ҳамсоягӣ аз ҷониби қирғизтаборон вазъи оромро халалдор месозад.

Эҳтимол меравад, ки сабаби ҳамаи носозиҳо дар маънавиёти фарҳанги миллати қирғиз набуда, алоқаманд ба бозиҳои сиёсӣ ва манфиатҷӯии баъзе сиёсатмадорони ҷониби қирғизмебошад. Ин тоифаи манфиатхоҳ андешаи оқибати амалҳои худро накарда мардуми оддиро ҳамчун асбоби бозиҳои сиёсӣ истифода бурда истодаанд ва ҳатто обруву эътибори давлат дар арсаи ҷаҳониро сарфи назар кардаанд.

Сиёсатмадорони навбаромади қирғизтабор бояд ҳушдор гарданд, ки чашмалоӣ ба ҳудуди ҳамсоя оқибати маҳрумӣ аз ҳудуди худ буда метавонад ва мебояд аз чунин амалҳо даст кашид. Вагарна, рӯзе мерасад, ки сарсону саргардон, ватангадоӣ онҳоро интизор асту пуштибонҳои сиёсиашон онҳоро ҳаво медиҳанд. Пушаймонӣ суд надорад, гар беандешагӣ аз оқибат фарогири чунин афроди бетамиз бошад!

Собиров М.С. – дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ