Оқибати иғвогарӣ

Тоҷикистони азизамро сар то сари ҷаҳон беш аз 150 давлати дунё мешиносаду эътироф менамояд. Аз замони истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон ҳанӯз чоряк аср сипарӣ нагардидааст 30 сол сипарӣ гардид. Аммо дар ин давраи на чандон тӯлонӣ, кишвари мо тавонист баъзе «сиёсатмадор»-ҳоеро кашф намуда, рӯйи кор орад, ки шояд дар дигар кишварҳо вуҷуд надошта бошанд. Солҳои охир бошад, баъзе инсонҳое даъвои сиёсату сиёсатбозӣ карда истодаанд, ки дар асл бӯе аз сиёсат набурдаанду бо хондани чанд китоб дар бораи сиёсату дипломатия аз худ беҳтарин дипломату нобиғаи аср месозанд. Ғайр аз кору фаъолияти на чандон муассири худ, хизматҳои дигаронро ба назар намегиранд. Инсоне, ки аз чеҳраи аслии онҳо воқиф нест, аз тарзи суханронию ҳарфзаданҳояшон гумон мекунад, ки танҳо онҳо дар фикру андешаи пеш рафтани ин миллату давлатанд, агар эшон набошанд, давлат несту нобуд ва миллат пароканда мешавад.

Агар ба нафари ватандору воломақом ин боиси сарфарозӣ бошад, мутаассифона ба нафаре ки пешравию ободии кишвар барои вай бегона аст, сабабгори бадгӯиву бадсиголӣ мегардад. Хиёнаткор пайваста думболи кори ифротии худ асту ҳеҷ дигар нахоҳад шуд.

Чуноне, ки дар урфият мегӯянд офтобро бо доман пӯшида намешавад. Ҳатто моҳ ҳам дар худ доғи сиёҳ дораду то шамол нашавад шохи дарахт намеҷунбад. Тибқи гуфтаҳои боло доғи сиёҳи миллати тоҷик ин Муҳиддин Кабирӣ, Иззат Амон, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва даҳҳо мухолифини дигар шомил мешавад, ки дар тӯли зиндагиашон фақат барои манфиати худ барои давлату миллат кореро анҷом надодаанд. Ҳар яке аз инҳо дар баробари сиёсатбозиҳои худ ҳамчунин ба ҷинояткорӣ машғул будаанд. Вақтҳои охир тариқи расонаҳои интернетӣ ҳар гуна гапу каловчаҳои ҷонибдорони Иззат Амон нашр шуда истодаанд. Ҳамаион суханоне, ки ҷонибдоронаш нисбати мо мегӯянд гапҳои пучу бемаънӣ беасос ва дойбатҳои амалинашаванда мебошанд. Ҳатто дар Қуръони Карим низ омадааст, ки изои бандаи муъмин ҳаром аст. Пас чаро онҳо инро дидаву дониста нисбати ҳукумати тоҷик ингуна гапҳои ношоямро мезананд. Бало ба пасатон боду дойбатҳоятон ба худатон занад. Шумо кӯрнамакед, магар фаромӯш кардед, ки дар ҳамин сарзамин таваллуд шудаеду ба воя расидаед. Бо шири сафеди модари тоҷик ба воя расидаед. Ватан модари мо хонаи мо аст. Касе, ки чун Иззат Амон барин мардумфиреби мекунад оқибат ҷазояш ҳамин аст. Ҳақиқат талх аст, вале онро бояд қабул кард. Ман ба ҳангомасозони Иззат Амон муроҷиат намуда гуфтаниям, ки нисбати миллати тоҷик гапҳои бофтаву беасосро пош накунанд. Зеро ҳама дар назди қонун баробар аст ва ҷинояткор ҷазояшро мегирад. Баҳори имсол бо ҷурми қаллоби ба миқдори калон (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва раиси "Маркази тоҷикон" дар Федератсияи Русия дастгир гардида буд.Тибқи иттилои Додситони кишвар ҳаҷми умумии зарари расида ба 12 нафар 630 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллари амрикоиро дар бар мегирад. Ҳоло атрофи Иззат Амон Иззат Амон хабару ҳангомаҳои зиёд нашр мешавад. Аамо ҳар нафари ҷинояткор бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Баъд аз таҳқиқи тӯлонӣ санаи 19 октябр, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбеӯ ба 9 соли зиндон маҳкум гардид.

Шамил Назарзода – устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ